Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
МУБОРИЗАИ МУСАЛЛАҲОНАИ ҶОНИБҲО ЧӢ ГУНА ОҒОЗ ШУД?
23 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ манъ ва фармони собиқаи давлатӣ шудани амволи ҳизби коммунист бекор карда шуд, ки ин боиси тазоҳуроти навбатии муқобилони ҳизби коммунист гардид. Гирдиҳамоиҳои навбатии 26 феврал – 22 апрел ва 24 апрел – 14 майи соли 1992 ихтилофоти ҷонибдорон ва мухолифони ҳизби коммунистро шиддат бахшид. Дар натиҷа мардуми тоҷик ба ду майдон – «Озодӣ» (ҷонибдорони ҳизби коммунист) ва «Шаҳидон» (мухолифони ҳизби коммунист) тақсим шуда, муқобили ҳам шиорпартоӣ мекарданд. Ҳодисаи тирпарронии 5 майи соли 1992 дар шоҳроҳи Душанбе – Ёвон барои оғози муборизаи мусаллаҳона миёни ҷонибҳо баҳона гардид. Мудохилаи коргардонони пасипардагии хориҷӣ ва мусаллаҳшавии нерӯҳои мухталиф Тоҷикистонро ноаён ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашонд. Ҷанг пас аз Душанбе навоҳии Ҳисору Қӯрғонтеппаро фаро гирифта, аз соли 1993 дар манотиқи кӯҳистонии ноҳияҳои Рашту Тавилдара идома ёфт.
ДАХОЛАТИ ХОРИҶИЁН ЧӢ ГУНА РАВАНДИ МУБОРИЗАРО ШИДДАТ БАХШИД?
Тоҷикистон бо сабаби ҷойгир буданаш дар нуқтаи муҳими стратегӣ ба макони бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат табдил ёфта буд. Ҳар кадом аз кишварҳои хориҷӣ мехостанд, барои ҳимояи манфиатҳошон гурӯҳҳои дастнишондаи онҳо ба ҳокимият бирасанд (ҳамлаи С. Кенчаев ба Душанбе, 24–25 октябри 1992). Дар натиҷаи даҳолати Ӯзбекистон ва нақши дугонаи абарқудратҳои дигар ба ҳар ду ҷониби даргир силоҳ фурӯхта, куштори тоҷик бо дасти тоҷик роҳандозӣ карда шуд. Ҳамчунин барои шиддат бахшидани мубориза миёни тоҷикон гурӯҳҳои мусаллаҳи номаълум аз Ӯзбекистон ба марзи Тоҷикистон даромада, қатлу ғоратгариҳои ваҳшиёна анҷом медоданд ва ин амалҳоро бар гардани яке аз ҷонибҳои даргири Тоҷикистон бор мекарданд. Зарари умумии ин ҷанг ба 10 млрд доллари ИМА баробар шуд. Дар натиҷаи ин ҷанги бародаркуш беш аз 150 ҳазор нафар қурбон ва 52 ҳазор кӯдак ятим шуда, 1 млн нафар аз ноилоҷӣ тарки ватан карданд.
Бо дастгирии вакилони мардумӣ ва нерӯҳои солимфикри ҷомеа рӯзи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳ.
Бобоҷон Ғафуров Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, даъвати IV баргузор гардид. Дар рӯзи чоруми ҷаласа А. Искандаров аз вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ сабукдӯш гардида, зимни овоздиҳии пӯшида Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Худи ҳамон рӯз Э. Раҳмон ба сарварони ҷабҳаҳои мухолифи ҷангӣ чунин муроҷиат намуд: «Мову шумо як Ватан, як модар дорем. Биёед гунаҳкор кардану кина варзиданро як сӯ гузорему бародарона аз дасти якдигар гирем ва ба меҳнати осудаҳолонаву созанда шуғл варзем. Мо танҳо дар иттиҳод ва ягонагӣ қудрат пайдо мекунем.
Тоҷикистони азизро аз порашавию парешонӣ бозмедорем. Онро ба давлати мутараққӣ, сарватманд, воқеан ҳам соҳибистиқлол табдил медиҳем». Ҳамин тариқ, дар ин иҷлосияи таърихӣ қадамҳои нахустин ба сӯи сулҳу ваҳдати миллӣ гузошта шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё