Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1992–1997 гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид, ки сабабҳои асосиаш инҳоянд:

  • Нобаробар ҷойгир будани корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди кишвар ва афзудани сафи бекорон.
    Аксари коргарони корхонаҳои бузурги саноатиро русзабонҳо ташкил дода, шумораи бекорон аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ (асосан дар Марказу Ҷануби мамлакат) хеле зиёд буд.

  • Маҳалгароӣ ва мансабпарастӣ.
    Мансабдорони сатҳи олӣ ва мансабхоҳон манфиатҳои шахсӣ, маҳаллӣ ва қавмиашонро аз истиқлолияту оромии Ватан авлотар шумурданд.

  • Динситезӣ. Тоҷикон нисбат ба дигар сокинони Осиёи Миёна ба арзишҳои динии худ ҳассосияти баланд доштанд. Аз ин рӯ, сиёсати динситезӣ ва таъқиби рӯҳониёну озодандешон дар ИҶШС қисме аз мардуми тоҷикро ба мухолифини сохти коммунистӣ табдил дод.

  • Сиёсати бозсозӣ, ки худтаъминкунии корхонаҳоро ҷорӣ намуд, боиси аз кор мондани онҳо гардид. Зеро тибқи низоми кории қаблӣ фаъолияти тамоми корхонаҳои саноатӣ дар ИҶШС бо ҳам сахт алоқаманд буд.

Корхонаҳои зиёде дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ аз кор монда, таҷҳизоти онҳо ғорат шуданд.

пешина
аз 395
навбатӣ