Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ҲИЗБИ КОММУНИСТ БА ЧӢ МУШКИЛОТ
ДУЧОР ГАРДИД?

20 сентябр Қ. Аслонов расман узвияташро дар ҳизби коммунист қатъ намуда, дар бораи боздоштани фаъолияти ҳизб ва миллӣ кунонидани амволи он фармон содир кард. Ҳамзамон номи майдони «Ленин»-ро ба майдони «Озодӣ» иваз намуд. 22 сентябр бо ташаббуси нерӯҳои демократӣ, зиёиёну рӯшанфикрон ва рӯҳониён ҳайкали В. И. Ленин дар майдони назди Шӯрои Олӣ сарнагун карда шуд.
Иқдомоти Қ. Аслоновро вакилони ҳизби коммунист ва баъзе роҳбарон нишони носипосӣ дониста, талаб карданд, ки Қ. Аслонов истеъфо дода, ҳайкали Ленин дар ҷояш барқарор карда шавад. 23 сентябр дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ бо аксари овозҳои вакилон Қ. Аслонов истеъфо дода, ба ҷои ӯ Раҳмон Набиев Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид.

Муҷассамаи В. И. Ленин дар Душанбе, ки бо ташаббуси мухолифони ҳизби коммунист сарнагун карда шуд.

АҲАМИЯТИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ЧИСТ?

Истиқлолият неъмати ниҳоят бузург буда, пойдор нигоҳ доштани он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Имрӯз дар ҷаҳон миллатҳое зиндагӣ доранд, ки тӯли садсолаҳо баҳри сохтани давлати мустақили худ мубориза бурда, вале ба ин ҳадаф ноил нагардидаанд. Хушбахтона, миллати тоҷик тавонист чунин саодатро ба даст орад. Он аз чунин аҳамият бархурдор аст:

  • Дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақиле бо номи Тоҷикистон падид омад, ки дар арсаи байналмилалӣ чун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ мегардад.

  • Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд сиёсати дохилӣ ва хориҷиашро мустақилона муайян менамояд.

  • Ҳангоми муайян намудани сиёсати дохилии худ Ҳукумати Тоҷикистон озодона арзишҳои фарҳангии мардуми кишварро ба эътибор мегирад ва ғ.

пешина
аз 395
навбатӣ