Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Мардуми Душанбе ва атрофи онро овозаҳои ба садҳо арманӣ додани хона дар шароити бӯҳрони шадид ба шӯр овард. Рӯзҳои 9–11 феврали соли 1990 гирдиҳамоии оммавӣ бо ташаббуси созмонҳои «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва дигар ташкилоти сиёсӣ доир гардида, ҳазорон ҷавонон дар майдони назди бинои КМ ҲК Тоҷикистон аз сарвари давлат Қ. Маҳқамов додани маълумоти возеҳро дар бораи муҳоҷирони арманӣ то соати 15 рӯзи 12 феврал талаб карданд. Аммо ба ҷои посух рӯзи 12 феврал сӯи 12–15 ҳазор нафар ҷамъомадагон тир андохта шуд, ки дар натиҷа то 14 феврал 127 кас захмдор ва 21 нафар ҳалок шуданд. Ин фоҷиа боиси боз ҳам муташанниҷ гардидани вазъи сиёсӣ гардид. Баъзе муаррихон бар он ақидаанд, ки ҳизби ҳоким мехост бо баҳонаи бетартибиҳо қудрату нуфузро дар даст нигоҳ дорад.
19 августи соли 1991 гурӯҳи иборат аз 8 нафар (Г. И. Янаев – ноиби Президенти ИҶШС, В. С. Павлов – сарвазир, В. А. Крючков – Раиси Кумитаи бехатарӣ, Д. Т. Язов – вазири мудофиа, Б. К. Пуго – вазири корҳои дохилӣ ва дигарон) бо мақсади ҳифзи сохти мавҷудаи Шӯравӣ ба табаддулоти давлатӣ даст зада, Президенти ИҶШС М. С. Горбачёвро аз вазифааш барканор намуданд. Аммо ин табаддулот бо номи Кумитаи давлатии вазъияти фавқулодда (ГКЧП) ҳамагӣ се рӯз фаъолият кард. 21 август сарвари Шӯрои Олии Россия Б. Елцин бо дастгирии нерӯҳои демократӣ ва ислоҳотхоҳ роҳбарони ин кумитаро ҳабс ва дертар Президенти ИҶШС М. С. Горбачёвро расман ба истеъфо додан водор намуд. Бо шикасти ГКЧП раванди фурӯпошии саросарии ИҶШС оғоз ёфта, тайи ҳамагӣ 15–20 рӯз қариб ҳамаи 15 ҷумҳурии узв истиқлолияти худро эълон намуданд.
Ба шикаст дучор гардидани ГКЧП парокандашавии ИҶШС-ро суръат бахшид. Рӯзҳои 29-31 августи соли 1991 дар Душанбе зимни гирдиҳамоии нерӯҳои миллӣ-ву демократӣ Президент Қаҳҳор Маҳқамов ба истеъфо рафт ва ба ҷои ӯ Қадриддин Аслонов Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи Президент интихоб гардид.
9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
қабул карда шуд, ки тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё