Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хонданБАРҲАМ ХӮРДАНИ ИҶШС
Дар оғози солҳои 80-ум ситоиши шахсият, тамаллуқгароӣ ва бузургсолорӣ дар ИҶШС боиси канда шудан аз воқеияти низоми сотсиалистӣ гардид. Муҳимтарин сабабҳои барҳам хӯрдани ИҶШС инҳоанд:
- Ниҳоят пиронсол будани мансабдорони сатҳи олӣ (синни миёнаашон 75 сол буд), ки қобилияти кориашон заиф шуда буд.
- Танҳо дар Маскав гирифтани тасмим оид ба масоили гуногуни марбут ба ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва ба назар нагирифтани мавқеъ ва манфиати онҳо.
- Сар задани низоъҳо миёни миллату халқиятҳои сокини ИҶШС (миёни озариҳову арманиҳо, гурҷиҳову абхазҳо ва ғ.) ва ҳал нагардидани мушкилоти марбут ба он.
- Самаранок набудани низоми иқтисодӣ (нисбат ба сифат миқдори маҳсулотро баҳо дода, афзалиятро фақат дар иҷрои саривақтии нақша донистан ва ғ.).
- Шикаст дар ҷанги Афғонистон (1979–1989). Масрафоти ниҳоят зиёд дар соҳаи ҳарбӣ, ки сабаби бозмондани рушди дигар соҳаҳо шуд.
- Нокомӣ дар ҳалли мушкилоти ҷомеа аз қабили фоҳишагӣ, нашъамандӣ, майзадагӣ ва афзудани ҷинояткорӣ.
- Нобаробар будани сатҳи тараққиёти ҷумҳуриҳои ИҶШС нисбат ба якдигар, тафовути зиёди фарҳангӣ миёни халқҳои ИҶШС ва ғ.
Ҳангоми ба сари қудрат омадан М. С. Горбачёв (1985) сиёсати нави бозсозиро пеш гирифт, аммо ин сиёсат барномаи тарҳрезишудаи асоснок надошт ва ноком гардид.
Дар натиҷа бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ амиқтар гардида, низоми сотсиалистӣ рӯ ба таназзул овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё