Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ТАРАҚҚИЁТИ МИНБАЪДАИ МАМЛАКАТ
ЧӢ ГУНА АМАЛӢ ГАШТ?

Дар солҳои 60–80 хоҷагии халқи Тоҷикистон хеле рушд намуд, ки корхонаҳои азим: Заводи алюминийи тоҷик, Комбинати электрохимиявии Ёвон, ГЭС-и Норак, Заводи гидрометаллургии Исфара, заводҳои «Тоҷиктестилмаш», «Торгмаш», «Тоҷикгидроагрегат», «Тоҷиккабел», Заводи нуриҳои азотии Вахш ва ғ. дар ин самт нақши калидӣ доштанд. Барои пешрафти соҳаи саноати мамлакат, бахусус бунёди ГЭС-и Норак котиби аввали ҳизби Коммунист Турсун Ӯлҷабоев (1956–1961) саҳми арзанда дорад. Соҳаи саноати сабук низ хеле рушд карда, дар Душанбе ва Ленинобод комбинатҳои шоҳибофӣ, дар Қайроққум комбинати қолинбофӣ, дар Конибодом ва Қӯрғонтеппа фабрикаҳои дӯзандагию мебелсозӣ ва заводҳои пахтатозакунӣ бунёд гардиданд. Маҳсулоти умумии хоҷагии қишлоқ соли 1984 нисбат ба соли 1940 4,5 баробар афзуда, масоҳати заминҳои нави обӣ ба 650 ҳазор га расонда шуд. Соли 1980 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 млн тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд.

ДАР СИЁСАТИ ДОХИЛӢ КАДОМ КАМБУДИҲО
ҶОЙ ДОШТАНД?

Дар сиёсати идоракунии ҷумҳурӣ нақши калидии Маскав возеҳ буда, салоҳияти роҳбарони ҷумҳуриро маҳдуд месохт. Баъди рафтани Т. Ӯлҷабоев роҳбарии мамлакат ба ихтиёри Ҷаббор Расулов ва ҳамсафонаш гузашт, ки онҳо амалан манфиатҳои давлат ва арзишҳои миллиро қариб пайгирӣ намекарданд. Бадахшони Кӯҳӣ ва Ленинобод бо сабаби набудани роҳҳои мусоид дар сардиҳо қариб шаш моҳ аз маркази кишвар канда буданд. Дар ду вилояти онвақтаи Тоҷикистон – Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб, ки беш аз 60% пахтаи мамлакатро тавлид мекарданд, қариб ягон корхонаи ресандагию бофандагӣ вуҷуд надошт. Ғайр аз ин, бо ҳамдастии як зумра роҳбарони аввали ҷумҳурӣ Ҷ. Расулов, Қ. Маҳкамов, И. Раҳимова, Г. Бобосодиқова, А. Додобоев мақоми забони модарӣ ва арзишҳои фарҳангӣ заиф гардида, ҷои онро сиёсати шовинистии русгароӣ маҳдуд мекард. Новобаста ба он, ки аз 5 млн аҳолии Тоҷикистон 650 ҳазор нафар бекор буданд (соли 1990), дар тамоми корхонаҳои саноатӣ русҳо ва русзабонҳо аз манотиқи гуногуни ИҶШС ба кор оварда, мардуми тоҷикро аксаран дар корҳои кишоварзӣ ҷалб мекарданд. Ҳангоми тақсими манзилҳои иқоматӣ дар шаҳрҳо ба русзабонҳо бе мамоният ва интизорӣ хона медоданд, дар ҳоле, ки тоҷикон барои гирифтани хона солҳои зиёде интизорӣ мекашиданд.

пешина
аз 395
навбатӣ