Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ТОҶИКИСТОНИЁН БА ФРОНТ ЧӢ ГУНА
ЁРИ КАРДАНД?
Мардуми Тоҷикистон чун дигар сокинони Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҷанг пул, зару зевари тиллоӣ ва дигар ороишот, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва ғайра гирдоварӣ намуда, ба фронт мефиристоданд. Тоҷикистон соли нахустини ҷанг ба фронт ҳамчун ёрии беғаразона 75 млн сӯм ва 41 ҳазор пуд маҳсулоти ғалладона фиристод. Қатораи якуми туҳфаҳои Тоҷикистон дар арафаи Соли Нави 1942 ба фронт равона шуд, ки аз 151 вагон иборат буда, онҳо ба ҷанговарон мева, либосҳои гарму чӯроб, пӯшиши таг, консерва, ширинӣ, тамоку ва дигар маҳсулотҳоро фиристоданд. Бо ёрии Тоҷикистон соли 1942 беш аз 84 млн сӯм барои сохтани колоннаи танкҳо ва 35 млн сӯм барои сохтани эскадрияи ҳавоии Тоҷикистон маблағ ҷамъоварӣ гардид.
ХАЛҚИ ТОҶИК ЧӢ ТАВР БА ҲИМОЯИ
ВАТАН БАРХОСТ?
Октябри соли 1941 аз Тоҷикистон дивизияи 20-уми савора ба сӯи Маскав фиристода шуд. Ин дивизия даҳҳо нуқтаи аҳолинишинро аз фашистон озод намуд ва беш аз 150 афсару сарбозони он барои корнамоияшон сазовори мукофотҳо гардиданд. Соли 1942 дар муҳорибаи Сталинград дивизияи 61-уми савора, ки дар Тоҷикистон таъсис шуда буд, ҳазорон афсару сарбози душманро бо муҳиммоти ҷангиашон нобуд карда, барои чунин корнамоиҳо М. Холматов, Р. Рӯзиев, Р. Аноров, А. Сулаймонов, Т. Алпатов, П. Абаринов сазовори ордену медалҳо гардиданд. Дар муҳорибаи назди Курск батареяи фармондеҳ Ҳодӣ Кенчаев ва дар муҳорибаи назди Днепр батареяи Исмоил Ҳамзаалиев шумораи зиёди танкҳои душманро нобуд карда, ҳар дуи онҳо барои чунин ҷасорату қаҳрамонӣ сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд. Соли 1943 ҳангоми убури дарёи Десна Тӯйчӯй Эрйигитов бо синааш пулемёти душманро пӯшонида, ҷони ҳамяроқонашро наҷот дод ва барои ин корнамоӣ баъди маргаш сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шуд. Ниҳоят 8 - 9 майи соли 1945 артиши Иттиҳоди Шӯравӣ вориди шаҳри Берлин шуда, ҳукумати фашистии Олмонро комилан мағлуб кард. Дар маҷмӯъ, аз Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор сарбозу афсарон ширкат варзида, қариб 150 ҳазор нафари онҳо ҷони худро бохта ва маъюб гардиданд. Аз байни фарзандони Тоҷикистон барои корнамоиҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 58 нафар сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 20 нафар сазовори се дараҷаи ордени Шараф ва беш аз 50 ҳазор нафар сазовори ордену медалҳои гуногуни ҷангӣ гардидаанд.
Баъди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми Тоҷикистон барои барқарорсозии хоҷагии халқ ва пешбурди иқтисодиёти кишвар саъй менамуданд. Дар солҳои Котиби якуми ҲК Тоҷикистон таъйин шудани Бобоҷон Ғафуров (1946–1956) беш аз 50 корхонаи бузурги саноатӣ ва нерӯгоҳи нави барқӣ бунёд шуданд, ки заводи рехтагарии механикии Конибодом, комбинати масолеҳи бинокории Вахш, заводи конструкцияҳои оҳану бетон ва комбинати бофандагии Душанбе, ГЭС-ҳои Варзоби Ғоён, Сарбанд ва Қайроққум аз ҷумлаи онҳоанд. Маҳсулоти умумии саноати ҷумҳурӣ дар соли 1956 нисбат ба давраи пешазҷангӣ 3 баробар ва истеҳсоли нерӯи барқ 4,8 баробар афзуд. Маҳз дар ҳамин давра Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1948) ва Академияи Илмҳои Тоҷикистон (1951) таъсис ёфта, барои пешрафти минбаъдаи илми мамлакат хидматҳои бузург намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё