Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ТАЪҚИБОТ ЧӢ ТАВР БА ОСИЁИ МИЁНА
РОҲ ЁФТ?

Дар ҷараёни мурофиаи Н. Бухарин баъзе роҳбарони ҷумҳуриҳои ИҶШС, аз ҷумла роҳбарони аввали ҶШС Ўзбекистон Ф. Хоҷаев ва А. Икромовро чун узви гурўҳи Бухарин ва миллатгарои буржуазӣ айбдор намуданд.
Онҳо дар навбати худ роҳбарони ҶШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, А. Муҳиддинов, А. Ҳоҷибоев ва Чинор Имомовро сиёҳ карда, онҳоро чун миллатгарои буржуазӣ ба додгоҳ кашиданд. Дар натиҷа аз соли 1937 дар Тоҷикистон таъқиботи Сталинӣ авҷ гирифта, даҳҳо ҳазор зиёиёну рўҳониён ва заминдорону соҳибмулкон бо ҷурми миллатгарой, кўмакрасонӣ ба босмачиён ва ҷосусӣ ҳабс ва бадарға мешаванд.
Дар ин таъқиботи хунин ва қазияҳои сохта нақши А. Раҳимбоев, ки аз соли 1933 Раиси ШКХ ҶШС Тоҷикистон буд, барои заиф сохтани нуфузу эътибори кадрҳои миллӣ бузург аст. Вале худи А. Раҳимбоев низ соли 1938 дучори ин таъқибот гашта, ба қатл маҳкум шуд.

БА ДОР ОВЕХТАНИ САХТТАРИН
УСУЛИ ҚАТЛИ МАҲКУМУДАГОН БУД.

ЧАРО ЗИЁИЁН ГИРИФТОРИ ТАЪҚИБОТ МЕШУДАНД?

Дар ин давра фаъолияти зиёиён таҳти назорати шадид қарор дода шуд.
Дастоврдҳои илмӣ агар ба идеологияи роҳбарони ҲК мувофиқат намекарданд, онро ҳамчун нишонаҳои ҷомеаи сармоядорӣ пиндошта, олимони дар он саҳмдоштаро ҷазо медоданд. Оташи таъқиботи сталинӣ баъди шиори «Ҳар як шаҳрванди ИҶШС корманди амнияти давлатист» алангаи тоза гирифт. Соли 1931 Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон 28 аъзо дошт, ки баъзеи онҳо муқобили ҳамдигар мақолаҳои туҳматомез навиштанд ва дар натиҷа адибон Ҳ.
Карим, Ғ. Абдулло ва Р. Абдуллоро барои робита бо тарроҳи марзбандии миллии Осиёи Миёна А. Раҳимбоев айбдор карданд. Ҳамчунин Ҷ. Икромӣ, С.
Ализаде, Т. Зеҳнӣ ва Р. Ҳошим низ гирифтори таъқибот гардида, ҳабс шуданд.
Тибқи нақшаи амниятии Лаврентий Берия талаб карда шуд, ки аз Тоҷикистон 120 ҳазор нафар ҳабсу бадарға карда шаванд. Вале Б. Ғафуров ҳангоми дидор бо Сталин ин нақшаро баррасӣ намуда, аксари мардумро аз таъқиботу нобудшавӣ наҷот дод.

ҶАНГИ БУЗУРГИ
ВАТАНӢ

Субҳи 22 июни соли 1941 Олмони фашистӣ, созишнома миёни худ ва давлати Шӯравиро оид ба нашикастани марзи ҳамдигар пушти по зада, ба қаламрави ИҶШС ҳуҷум намуд. Ин давлат ҳамроҳи иттифоқчиёнаш Итолиё, Финландия, Маҷористон ва Руминия бар зидди ИҶШС 190 дивизия иборат аз 5,5 миллион афсару сарбоз, 3700 танк, 5 ҳазор самолёти ҷангӣ, беш аз 47 ҳазор силоҳи вазнину миномётҳоро сафарбар намуда, қисми зиёди минтақаи ғарби ИҶШС-ро забт карданд ва тирамоҳи соли 1941 ба самти Маскав наздик шуданд.

пешина
аз 395
навбатӣ