Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ТАЗҚИБОТИ СТАЛИНӢ
Таъқиботи оммавии сиёсие, ки аз охири солҳои 20 то ибтидои солҳои 50 асри XX (замони роҳбарии И. В. Сталин) дар ИҶШС идома ёфтааст, «таъқиботи Сталинӣ» ном дорад. Сталин яке аз шахсиятҳои бузурги давлатии Шӯравӣ буд, ки баъди вафоти В. И. Ленин (1924) роҳбарии ИҶШС-ро ба уҳда дошт. Таъқиботи Сталинӣ таҳти шиори нобуд кардани синфҳои мухолиф ва бунёди ҷомеаи сотсиалистӣ сурат гирифта, афроди аз ҷониби амнияти давлатӣ ба «рӯйхати сиёҳ» воридшуда, бо фармони бевоситаи Сталин гирифтори ҷазоҳои гуногун (ҳабс, бадарға, қатл ва ғ.) мегардиданд. Агар дар хусуси нафаре ҳамчун «душмани халқ» ба мақомот маълумот мерасид, ӯро бе тафтишу баррасӣ ва ҳукми додгоҳ ба ҷазо гирифтор менаму-данд. Бад-ин восита садҳо ҳазор одамон, махсусан рӯшанфикрон бо айбҳои сохта маҳкуми ҳабсу қатл гардиданд. Замони авҷи таъқибот солҳои 1934-38 буда, шумораи онҳое, ки бевосита дучори ин бадбахтӣ гашта буданд, ба даҳҳо миллион нафар мерасад.
Рӯйхати маҳкумшудагон аз Тоҷикистон бо имзои И. Сталин.
Бойгонии Президенти Федератсияи Россия, парванраи 416.
Нафарони ба қатл маҳкумшударо маъмулан бо силоҳ мепаронданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё