Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Бо қарори Комиссариати маорифи Тоҷикистон аз 15 апрели 1938 дар мактабҳои ҷумҳурӣ омӯзиши забони русӣ аз соли дуюми таҳсил ҷорӣ гашта, дар мактабҳо ду алифбо — лотинӣ ва русӣ омӯзонида мешуд. Ин душвориро ба назар гирифта, Комиссариати маориф ба ходимони бахши таъриху забоншиносии Академияи илмҳо дастур дод, ки лоиҳаи алифбои нави тоҷикии русиасосро таҳия намоянд. 18 июни 1939 ходимони ин бахш С.
Арзуманов, Л. Бузургзода, Б. Ниёзмуҳаммадов, Р. Ҷалилов, Н. Ершов ва дигарон лоиҳаи алифбои русиасосро пешниҳод карданд. Мутобиқи лоиҳаи онҳо алифбои тоҷикии русиасос аз 37 ҳарф иборат буда, ҳарфҳо аз рӯи тартиботи алифбои русӣ ҷойгир шуданд. 21 майи 1940 ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи гузариш аз алифбои лотинӣ ба алифбои русӣ пешниҳод шуд ва ин қонун қабул гардид. Ҳамин тариқ, аз 1 сентябри 1940 дар мактабҳои ҳамагонӣ омӯзонидани алифбои тоҷикии русиасос оғоз ёфт.
Гузаштан ба алифбои русиасоси тоҷикӣ дар муддати хеле кӯтоҳ сурат гирифт. Тайӣ соли 1940 баъзе ҷумҳуриҳои туркзабони Шӯравӣ – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон алифбои лотиниасошонро ба алифбои русӣ иваз карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар зери таъсири сиёсати забонии Иттиҳоди Шӯравӣ ба алифбои русиасос гузашт. Сабаби асосии гузариш ба алифбои русиасос ба халқи рус наздик кардани миллатҳои дигари давлати мутамаркази Шӯравӣ ва бунёди дастҷамъонаи ҷомеаи нави коммунистӣ қаламдод мешуд. Аммо ҳадафи асосии табдили алифбои аксари халқҳои Шӯравӣ, аз ҷумла тоҷикон ба алифбои русиасос, ки бо шиорҳои иттиҳоду ягонагии халқҳо рӯпӯш мешуд, русикунонии миллатҳои сершумори Шӯравӣ ва афзудани нуфузи фарҳангу маданияти русҳо дар саросари мамлакати паҳновар буд.
Қобили ёдоварист, ки сиёсатмадорони Кумитаи Марказии ҳизби коммунист бо баҳонаи табдили алифбо мехостанд миллатҳои мусулмони сокини Иттиҳоди Шӯравиро аз фарҳанг, расму оин ва дини суннатии хеш ҷудо карда, ғояҳои сотсиализмро ба осонӣ таҳмил намоянд. Табдили алифбои суннатии тоҷикӣ бо расмулхатти арабӣ, зери шиорҳои «барафкандани дунёи куҳан ва бунёди ҷомеаи нав» сурат гирифта, аз ҷониби пантуркистонӣ минтақавӣ пуштибонӣ медид. Ба алифбои лотинӣ ё кириллӣ гузаштан аз ҷониби баъзе донишмандону маорифпарварон ва сиёсатмадорон ҳамчун пайвастан ба дастоварду пешрафтҳои илмию техникии ҷаҳони муосир маънидод карда мешуд. Табдили хат ва алифбо барои баъзе халқҳои туркзабони Шӯравии собиқ, ки акнун алифбо месохтанд, дастоварди муҳим буд. Вале барои тоҷикон, сарфи назар аз баъзе бартариҳо, бештар таъсири манфӣ дошт. Фарҳангу тамаддуни волои аҷдодӣ бамаротиб зиёд буд. Зеро тоҷикон дар асоси алифбои форсӣ забони адабии ҷаҳоншумули худро сохта буданд ва бо табдили алифбо аз адабиёти илмӣ-фарҳангии ҳазорсолаи худ канда мешуданд. Ҳамчунин бо ин хатту забон бештар аз 1000-сол давлатҳои ғайритоҷикии минтақа низ амал мекарданд, ки бо барҳам хӯрдани ин алифбо эътибори байналмилалии забони тоҷикӣ дар минтақаи Осиёи Миёна аз миён мерафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё