Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ҚУДРАТИ АМОРАТИ БУХОРО
КАЙ АФЗУД?
Пас аз марги Дониёлбий писари бузурги ӯ Шоҳмурод тайи солҳои 1785-1800 ҳукмронӣ намуда, сиёсати мутамарказониро пеш гирифт. Ӯ дар мамлакат ислоҳоти молиявию маъмурӣ, додситонию ҳарбӣ анҷом дода, аз андозҳои шаръӣ танҳо хироҷу закотро нигоҳ дошт. Амир Шоҳмурод дар мустаҳкамсозии пояҳои давлат аркони диниро асос медонист ва аз он риоят мекард. Ӯ қисми зиёди заминҳои музофоти Марвро забт намуда, ҳамчунин музофоти Ӯротеппа, Хавос, Ёмро ба Аморати Бухоро ҳамроҳ кард. Дар аҳди ӯ қудрату нуфузи давлати Манғитиён хеле афзуд.
МУБОРИЗАҲОИ ДОХИЛӢ ЧӢ ГУНА САР ЗАДАНД?
Дар аҳди амир Ҳайдар (1800-1826) бародарони Шоҳмурод - Умарбий, Маҳмудбий ва Фазлбий барои соҳиб шудан ба тахту тоҷ ошӯб бардошта, арки Бухороро забт намуданд.
Ба ин ошӯб ҳокимони Кармина, Шаҳрисабз ва Самарқанд низ ҳамроҳ шуда, музофоти Миёнкол, Каттақӯрғон, Шаҳрисабз ва Самарқанд аз итоати Аморати Бухоро баромаданд. Бар замми ин, соли 1804 ҳокими Урганҷ Муҳаммад Раҳимхон ва ҳокими Хоразм Элтузорхон ба Марву Бухоро ҳуҷум оварданд. Новобаста ба тадбирҳои амир Ҳайдар то поёни умри ӯ ошӯбу норозигиҳо идома дошта, иқтисодиёт ва кишоварзӣ коҳиш ёфт.
Баъди марги амир Ҳайдар соли 1826 муборизаи шадид барои ҳокимият миёни се писараш - Ҳусайн, Умар ва Насруллоҳ авҷ гирифта, бо ғалабаи Насруллоҳ анҷом ёфт. Дар аҳди амир Насруллоҳ (1826-1860) ҷангҳои байни Аморати Бухорою хони Қӯқанд авҷи тоза гирифт, ки сабабаш забти шаҳрҳои Ҷиззах, Хуҷанд, Ӯротеппа ва Нов аз ҷониби хонигарии Қӯқанд гардид. Пас аз марги Насруллоҳ писараш амир Музаффар ба тахт нишаста (1860-1885) ба Қӯқанд ду маротиба (1862 ва 1865) ҳуҷум овард ва водии Фарғонаро то Кошғар забт намуд. Аз муборизаҳои тӯлонии Аморати Бухорою хонигарии Қӯқанд истифода бурда, Россияи подшоҳӣ бо неруи ҳарбиаш аз самти Оренбург ба Осиёи Миёна зада даромад.
Солҳои 1850-1854 лашкариёни рус дар поёноби рӯди Сир панҷ истеҳкоми ҳарбӣ бунёд намуда, шаҳри Верний (Алмаатои ҳозира)-ро ба маркази амалиёти минбаъда табдил доданд.
Майи соли 1864 фармондеҳони рус – генерал Веревкин Авлиёота (Ҷамбули ҳозира) ва қалъаи Туркистон, генерал М. Г. Черняев Чимкентро ишғол намуда, неруи ҳарбиашонро бо ҳам пайвастанд. Соли 1865 М. Черняев шаҳри Тошкандро забт кард ва ҳукуматдорони рус моҳи октябри ҳамон сол ба таври расмӣ ба ҳайати Россия дохил шудани Тошкандро эълон намуданд.
Ибтидои соли 1865 аз ҳисоби заминҳои хонигарии Қӯқанд, ки лашкариёни рус ишғол карда буданд, вилояти Туркистон дар ҳайати генерал-губернатории Оренбург таъсис дода шуд ва сарвари он генерал М. Г. Черняев таъйин гардид.
Соли 1867 аз ҳисоби мулкҳои забтшудаи хонигарии Қӯқанд ва Аморати Бухоро ҳукуматдорони рус генерал-губернатории алоҳидаи Туркистонро бо марказаш Тошканд таъсис дода, К. П. Кауфманро сарвари он таъйин карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё