Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ДАРВЛАТИ ШАЙБОНИЁН ЧАРО ТАНАЗЗУЛ ЁФТ?

Баъди марги Шайбонихон соли 1510 шоҳ Исмоили Сафавӣ Ҳиротро забт намуд ва соли 1511 ба сӯи Мовароуннаҳр лашкар кашид. Ба ҷои Шайбонихон, амакаш Кучкунҷихон (1510–1530) ба тахт нишаста, бо Сафавиён сулҳ баст ва қисми Хуросонро ба онҳо бахшид. Соли 1512 Бобур ба Мовароуннаҳр лашкар кашида, дар тангнои Пули Сангин (Нораки ҳозира) лашкари Шайбониёнро шикаст дод ва то Бухоро расид. Баҳори соли 1512 бародарзодаи Шайбонихон Убайдуллоҳ дар Бухоро лашкари Бобурро шикаст дода, ӯро фирорӣ намуд. Ба болои муборизаҳои тезутунди Шайбониён бо Сафавиёни Эрону Темуриёни Ҳинд, боз кӯшишҳои марказгурезӣ ва саркашии амирони мулкҳои ҷудогона нуфузу қудрати ҳукумати марказиро коҳиш дод ва дар натиҷаи низоъҳои дохилӣ сулолаи Шайбониён тадриҷан аз байн рафт.

АМОРАТИ БУХОРО

Бунёдгузори Аморати Бухоро сулолаи Манғитиён мебошанд, ки тайи солҳои 1753–1920 ҳукмронӣ кардаанд.
Муҳаммад Раҳимбий соли 1753 ба ҳукмронии сулолаи Манғитиён асос гузошт. Баъди марги Раҳимбий амакаш Дониёлбий (1758–1785) ба тахт нишаст. Дар давоми 27-соли ҳукумати ӯ вазъи сиёсии мамлакат беҳ нашуда, миқдори андозҳо ва зулму истибдод меафзуд. Амирони сулолаи Манғитиён Шоҳмурод (1785–1800), Ҳайдар (1800–1826), Насруллоҳ (1826–1860), Музаффар (1860–1885), Абдулаҳад (1885–1910), Олимхон (1910–1920) мебошанд.

пешина
аз 395
навбатӣ