Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

МУБОРИЗАҲОИ
ДОХИЛӢ

Баъди Акбар ворисони ӯ Ҷаҳонгир (1605—1627) ва Шоҳҷаҳон (1627—1658) сиёсати забткоронаи сулолаи Темуриёнро дар Дакан, водии Ганг ва дигар музофоти Ҳиндустони Марказӣ идома доданд. Вале муборизаҳои дохилӣ ва рақобати шоҳзодаҳо барои тоҷу тахт дар ин давра авҷ гирифта, пояи давлатдориро то андозае коҳонид. Сарфи назар аз ин Шоҳҷаҳон барои ободонии пойтахтҳояш Агра ва Деҳлӣ кӯшиш намуда, барои сохтани Тахти Товус тақрибан 120 миллион пули тило сарф кардааст. Ӯ инчунин барои бунёди мақбараи Тоҷмаҳал дар Агра, масҷиди ҷомеъ дар Деҳлӣ ва ёдгориҳои дигари меъморӣ маблағи зиёде харҷ намуда, оқибат барои пур кардани хазинаи давлат ҳаҷми андозҳоро афзуд.

ДАВЛАТИ ТЕМУРИЁНИ ҲИНД ЧАРО ТАНАЗЗУЛ ЁФТ?

Дар замони ҳукмронии Аврангзеб (1658–1707) муборизаҳои тахту тоҷталабӣ ва зиддиятҳои иҷтимоӣ ба сустшавии пояи давлат оварда расонид. Аврангзеб ба муқобили бародаронаш Дорошукӯҳ, Шуҷоъ ва Мурод тайи солҳои 1658–1660 мубориза бурда, оқибат соҳиби тахту тоҷи падараш Шоҳҷаҳон гардид. Вале бори гарони андозҳо, ҷангҳои бардавом ва зулму истибдоди заминдоруну ҳокимон боиси сар задани ошӯбҳои сикхҳо дар Панҷоб, маратҳо дар Дакан, ҷатҳо дар вилоятҳои дигари мамлакат гардида, иқтидори ҳарбиву сиёсии давлати мутамарказро коҳонид. Соли 1739 Нодиршоҳи Афшор ба Ҳиндустон лашкар кашида, дар муҳорибаи назди Карнал сипоҳи Темуриёнро мағлуб сохт ва пойтахти онҳо Деҳлиро забт ва ғорат кард. Дар оғози асри XVIII чандин ҳокимиятҳои мустақил ва ниммустақили Ҳайдаробод (1724), Бангола (1740) ва ғайра ташкил ёфтанд. Аз ин парокандагӣ истифода намуда, ширкати Ост-Индияи Англия мавқеашро дар Ҳиндустон мустаҳкам кард. Англисҳо соли 1803 Деҳлиро ба даст дароварда, соли 1858 сулолаи Темуриёнро пурра аз байн бурданд.

ВАЗЪИ ҲАВЗАИ АДАБИИ ҲИНД ЧИ ГУНА БУД?

Дар аҳди Темуриёни Ҳинд ҳавзаи адабии пуркуввате дар сарзамини Ҳинд падид омад, ки ҳатто духтари Аврангзеби таассубгаро Зебуннисо шоира буд. Дар ин ҳавзаи адабӣ Бедил, Носиралии Сарҳиндӣ, Файзии Даканӣ барин шоирон барои ташаккули сабки ҳиндӣ замина гузоштанд. Забони форсӣ дар дарбори Темуриёни Ҳинд чун забони расмӣ амал карда, барои ташаккули муҳити адабии форсизабонон мусоидат менамуд. Баъди истилои англисҳо нуфузи забони форсӣ ва хатти арабиасос коҳида, ҷойи онро дар Ҳиндустон забон ва алифбои англисӣ ишғол намуд. Забони форсӣ дар ин сарзамин қариб 700 сол забони расмии давлатӣ ва илму адабу дин буд.

пешина
аз 395
навбатӣ