Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

ДАВЛАТДОРИИ ТЕМУРИЁНРО КӢ БАРҲАМ ДОД?

Соли 1500 қабилаҳои узбекҳои кӯчманчӣ бо сардории Шайбонихон Мовароуннаҳрро забт карда, давлатдории Темуриёнро барҳам заданд. Вале Хуросон муддате дар дасти Темуриён монда, ба он султон Ҳусайн Бойқаро (1470–1506) ҳукуматдорӣ мекард. Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дар Ҳирот нуфузи зиёд доштанд. Ҳангоми ҳукмронии Бадеъ-уззамон (1506–1507) Шайбонихон соли 1507 пойтахти охирини Темуриён шаҳри Ҳиротро ишғол кард ва ҳукмронии онҳоро дар Мовароуннаҳру Хуросон аз байн бурд. Намояндаи охирини Темуриён Заҳируддин Бобур ба Афғонистон фирор намуда, соли 1526 дар Ҳиндустони Шимолӣ ба давлати Темуриёни Ҳинд асос гузошт.

Дар замони ҳукмронии Шоҳрух Темуриён аз муборизаҳои озодихоҳиҳои мардуми Хатлон ва Бадахшон дар ташвиш буданд. Суфиёни инқилобӣ бо сарварии МирСаййид Алии Ҳамадонӣ муборизаҳои ошкору ниҳонро пайгирӣ мекарданд. Яке аз муборизони матини роҳи озодихоҳӣ Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ мебошад, ки мардумро барои сарнагун сохтани ҳукумати Темуриён ба ошӯби умумӣ даъват мекард. Шоҳрух ба муқобили ошӯбгарони Хатлон лашкар фиристод, ки ҳангоми ҷанги шадид ду писари Хоҷа Исҳоқ ва қариб 80 тан аз муридони ӯ ба ҳалокат расиданд. Бар асари хиёнати баъзе ҳокимони маҳаллӣ ошӯбгарон шикаст хӯрда бошанд ҳам, пайкорҳои истиқлолхоҳӣ қудрати собиқаи Темуриёнро қоҳиш дод.

Ҳафтаи нахустини марги Темур набераи ӯ Халилсултон (писари Мироншоҳ), ки ҳокими Тошканд буд, бошитоб сӯи Самарқанд омада, пойтахти марказии Темуриёнро забт намуд. Ӯ ба ҷои Пирмуҳаммад (писари Ҷаҳонгир), ки вориси қонунии Темур буд, худро ҳоким эълон кард ва бо ҳамин набардҳои хунини хонадони Темуриён оғоз ёфт. Пирмуҳаммад барои рабудани тахту тоҷ талош варзида, баъди як сол кушта шуд. Соли 1406 Халилсултон ҳангоми муҳориба ба дасти амир Худодод ва шайх Нуруддин ном исёнгарон дар Самарқанд асир афтод.

ШОҲРУХ НУФУЗИ ТЕМУРИЁНРО
ЧӢ ГУНА БАРҚАРОР НАМУД?

Шоҳрух, ки ҳокими Ҳирот ва минтақаи Хуросон буд, лашкар гирд оварда, лашкари Худододро торумор кард ва давлати Темуриёнро амалан ба ду қисм ҷудо намуд: Хуросон бо марказаш Ҳирот ва Мовароуннаҳр бо марказаш Самарқанд. Шоҳрух соли 1409 писари 15-солааш Улуғбекро ҳокими Мовароуннаҳр таъйин карда, худ ба Хуросон бозгашт. Шоҳрух ҳангоми ҳукмронии беш аз 35-солааш фарзандони бародарони бузурги худ Ҷаҳонгир, Умаршайх ва Мироншоҳро аз ҳокимият барканор карда, писари худ Иброҳимсултонро соли 1414 ҳокими Шероз ва писари дигари худ Суюрғотмишро соли 1418 ҳокими Кобул, Ғазнин ва Қандаҳор таъйин намуд.

пешина
аз 395
навбатӣ