Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ТЕМУР ВА
ТЕМУРИЁН

Темуриён сулолаи муғулӣ-туркиеанд, ки тайи солҳои 1370–1507 асосан дар кулли Эронзамин ҳукумат кардаанд. Асосгузори он Темур писари Тарағайи Барлосӣ улуси Чағатойёнро забт намуда, Самарқандро (1366) пойтахт қарор дод. Баъдан Балхро (1370) ишғол намуд ва ҳокими он – Ҳусайнро ба қатл расонида, ҳукмрони мутлақ гардид. Пас аз марги Темур (1405) давлати ӯ байни фарзандонаш тақсим шуд, ки дар маҷмӯъ ҳамаи онҳо бо номи Темуриён шинохта мешаванд. Машҳуртарини онҳо Темур (1370–1405), Халилсултон (1405–1409), Шоҳрух (1409–1447), Улуғбек (1409–1447 дар Мовароуннаҳр) ва Ҳусайн Бойқаро (1469–1506) буданд.

БЕРАҲМИҲОИ ТЕМУР
ТО КАДОМ ҲАДД БУД?

Темур дар ҷаҳон дуввумин чеҳраи хунрези таърих (баъд аз Чингиз) шинохта шудааст. Ба фармон ва ба ширкати худи ӯ садҳо ҳазор мардумон қатли ом шудаанд. Аз ҷумла, шаҳри Урганчро ба хок яксон намуд (1372), дар Исфаҳон 200 ҳазор касро қатли ом кард ва аз сари 70 ҳазор нафари онҳо калламанора сохт ва он ҷо 6 ҳазор кӯдаки дигарро бо ширкати шахсии худ поймоли аспон сохт; дар Сабзавор пас аз қатли ом ду ҳазор касро зинда ба зинда миёни гил гузошта девор кард; 100 ҳазор асири ҳиндиро дар наздикии Деҳлӣ қатли ом кард; дар шаҳрҳои Деҳлӣ, Бағдод, Тикрит, Тӯс, Буст ва Ҳирот пас аз ишғолу қатлу вайронӣ калламанораҳо сохт; шаҳри Урганчро ба хок яксон кард ва амсоли ин.

ЧАРО ТЕМУРЛАНГ
НОМ ГИРИФТ?

Темур ҳангоми дар Сиистон буданаш аз даст ва пойи росташ захмдор шуда, бо азобе ҷон ба саломат бурд. Ӯ баъди шифо ёфтанаш якумр бо пойи рост мелангид ва аз ҳамин хотир унвони Темурлангро гирифт.

ТАДБИРҲОИ
ДАВЛАТДОРИИ УЛУҒБЕК

Улуғбек соли 1414 ҳокими Фарғона Шоҳзодааҳмадро саркӯб намуд ва ҳудудҳои Қошғарро ба мулки худ ҳамроҳ кард. Ӯ соли 1425 дар назди Иссиқкӯл ва рӯди Или ҳокимони охирини муғулро шикаст дода, ғанимати зиёде ба даст овард ва мавҷи бодиянишинҳоро қафо афканд. Ислоҳоти пулиаш ривоҷи тиҷорат ва иқтисодро таъмин намуда, барои рушду нумӯи кишвар мусоидат кард. Улуғбек ба илмҳои дунявӣ рағбати зиёде дошта, ба забони тоҷикӣ шеър мегуфт. Бештар ба илми тиб, нуҷум, риёзиёт ва ҳандаса майл дошта, дар Самарқанд бо кӯмаки Ҷамшеди Кошонӣ — донишманди тоҷик расадхонае сохт, ки дертар бо номи расадхонаи Улуғбек шуҳрат ёфт.

ЧАРО ДАВЛАТИ ТЕМУРИЁН ТАНАЗЗУЛ ЁФТ?

Дар поёни ҳукмронии Улуғбек узбекҳои бодиянишин ба Мовароуннаҳр ҳуҷум оварда, то Самарқанд расиданд, ки ин боиси норозигии мардум, табақаҳои болонишин ва рӯҳониён мегардид. Писари Улуғбек Абдулатиф бо ташвиқи рӯҳониён исён бардошта, бо дастури ниҳонии ӯ падараш соли 1449 ҳангоми сафари ҳаҷ кушта шуд. Баъди ҳукмронии шашмоҳа ва марги Абдулатиф муборизаи байни хонадони Темуриён аз нав авҷ гирифт. Дар замони ҳукмронии Султон Абусаъид (1451-1469) Хуросону Мовароуннаҳр муддате ором шуда бошад ҳам, низоъҳои дохилӣ қоҳиш наёфтанд.

пешина
аз 395
навбатӣ