Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

МАНСУРИ ҲАЛЛОҶ

Мансури Ҳаллоҷ (858–922). Номи пуррааш Абулмуғис Ҳусайн ибни Мансур ибни Маҳмои Байзавӣ. Шоир ва мутафаккири форс-тоҷик, яке аз намояндагони тасаввуф мебошад. Ӯ дар шаҳри Восит ба воя расида, маълумоти ибтидоиро дар ҳамон ҷо мегирад. Дар синни 16-солагӣ ба шаҳри Тустар омада, асосҳои тасаввуфро назди Саҳл ибни Абдуллоҳи Тустарӣ ва Ҷунайди Бағдодӣ омӯхтааст. Зимни сафарҳояш ба Хуросону Мовароуннаҳр ва Ҳинду Чин таълимоти тасаввуфии худро тарғиб намуда, сипас сокини Бағдод гардид ва муридону пайравони зиёде тарбият кард. Таълимоти тасаввуфии ӯ аз афкору андешаҳои фалсафии Боязиди Бастомӣ илҳом гирифта, назари ӯро дар масъалаи азалу абад ва фаною бақо баъзе рӯҳониён мухолифи аҳкоми шариат донистанд ва ӯро ба куфру бидъат айбдор карда, зиндон карданд. Аммо Мансури Ҳаллоҷ бо вуҷуди қариб 9 сол зиндонӣ буданаш аз ақидаҳои худ даст накашид, ки дар натиҷа соли 922 ӯро бо фармони халифа Муқтадир (908–932) ба дор овехтанд ва ҷасадашро сӯзонданд. Бо фармони қозии Бағдод асарҳои Мансури Ҳаллоҷро, ки аз 49 номгӯй китоб иборат буд, саросар сӯзониданд. Аз осори ӯ танҳо ашъори пароканда ва рисораи «Китобу-т-тавосин» («Китоби саркашӣ») то замони мо расидааст, ки баъзе паҳлуҳои таълимоти тасаввуфиашро фаро мегиранд.

пешина
аз 395
навбатӣ