Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ФИДОИЁНИ ҶАСУРИ
ИЛМУ ФАРҲАНГ
Шиҳобуддин Суҳравардӣ (1150/56 — 1185/91). Номи пурраи ӯ Шиҳобуддин Абулфутӯҳ Яҳё ибни Амираки Суҳравардӣ мебошад, ки бо лақаби Шайхи Ишроқ ё Шайхи Мақтул маъруф аст. Ӯ зодаи Занҷон буда, маълумоти ибтидоиро дар Мароға гирифтааст. Минбаъд ба Исфаҳон омад ва он ҷо камоли илмию маънавиро дарёфт. Ӯ яке аз файласуфони бузурги ҷаҳони ислом буд, ки ақидаҳои ӯ таҳти таъсири зардуштия, машшоия, афлотуния ва калом ташаккул ёфта, фалсафаи қадими эрониро манбаи дигар ақоиди фалсафӣ ва аз онҳо бартар медонист. Шуҳрати донишмандии Суҳравардӣ дар ҷаҳони ислом беш аз пеш меафзуд ва мутаассибони араб бо баҳонаи он ки равиши ӯ бар хилофи усули дини ислом аст, аз Салоҳуддин Аюбӣ хостанд, ки ба писараш Малик Зоҳир барои қатли Суҳравардӣ фармон диҳад. Ҳарчанд Малик Зоҳир инро намехост, вале зери фишори падар ва рӯҳониёни мутаассиб зиндонӣ кардани Суҳравардиро иҷозат дод. Минбаъд ин мутафаккири машҳури тоҷикро тақрибан дар синни 36-37 дар зиндон хафа карда куштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё