Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

БОЛОРАВИИ қудрату азамати давлати Салчуқиён ба замони ҳукмронии Алпарслон (1063–1072) ва Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷукӣ (1072–1092) рост меояд. Дар ин давра иқтидори ҳарбию сиёсии Салҷуқиён афзуда, пойтахти давлат ба шаҳри Исфаҳон кӯчонида шуд ва ҳудудҳои сарзамини Салҷуқиён то соҳили баҳрҳои Миёназамину Мармар ва халиҷи Форсу биёбони Сурия вусъат ёфт. Салҷуқиён бо сарпарастии вазири хирадмандашон Низомулмулк аз усули давлатдории Сомониён истифода карда, дар як муддати кӯтоҳ империяи абарқудрати ҷаҳониро таъсис доданд.

Низомулмулк соли 1017 дар шаҳри Тӯси Хуросон ба дунё омада, чун донишманд ва сиёсатмадор тақрибан сӣ сол, яъне тайи солҳои 1063–1092 дар замони ҳукмронии Алпарслон ва Маликшоҳ рисолати бузургвазириро адо кардааст. Низомулмулк корҳои давлатдориро комилан аз рӯи таҷрибаи Сомониён ба роҳ монда, ба ривоҷи тиҷорату иқтисодиёт, шаҳрсозиву ободонии мулк аҳамияти зиёд медод. Ӯ низоми таълимро дунявӣ кард, барои ин «низомия»-ҳо таъсис дод, ки дар онҳо улуми диниву дунявӣ якҷоя таълим дода мешуданд. Ин инқилоби бузурги маънавӣ буд, ки тамоми олами исломро фаро гирифт. Бад-ин восита ӯ сарпараст ва ҳомии илму фарҳанги замони худ гардид.

Низомулмулк китоби «Сиёсатнома»-ро бо забони модарии худ – форсии дарӣ навиштааст, ки ҳадафи он баробари ақоиди ахлоқиву тарбиявӣ боз такомули ойину қонунҳои давлатдорӣ, нигоҳ доштан ва пойдор намудани усули идоракунии Сомониёну Сосониён дар давлати Салҷуқӣ ва муттаҳидсозии мулкҳои пароканда бо ёрии шамшери Салҷуқиён мебошад. «Сиёсатнома» пурарзиштарин дастури пешбурди давлатдорӣ аз нигоҳи давлатдории суннатии тоҷикон, яъне давлати Сомониён буда, такомулу таҳаввулоти усули давлатдории ниёгони моро фаро мегирад. Ва ҳам дар ҳамин замина тарҳи давлатдории Салҷуқиён рехта шуд ва ба империяи пуриқтидори ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Мақбараи султон Санҷар дар Марв (асри XII).

Яке аз сабабҳои асосии таназзули империя, аз идораи давлат дур намудан ва ба қатл расонидани Низомулмулк – созандаи воқеии ин давлат буд. Пас аз чанд моҳи куштани ӯ Маликшоҳ низ мурд. Баъди марги Маликшоҳ соли 1093 кашмакашҳои дохилӣ ва муборизаҳои байниҳамдигарии писарони ӯ боло гирифт ва империяи Салҷуқиён пора-пора шуд. Ниҳоят, набераи ӯ Султон Санҷар солҳои 1118–1157 дар қисмате аз ҳудуди империяи порашуда ҳукмронӣ намуда, пойтахташро ба шаҳри Марв кӯчонид. Дертар Хоразмшоҳиён дар қисмате аз қаламрави Салҷуқиён давлати худро бунёд ниҳоданд.

пешина
аз 395
навбатӣ