Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ДАВЛАТИ
САЛЧУКИЁН

Давлати Салчуқиён давлати исломибунёди турктаборон дар сарзамини тоҷикон мебошад, ки онро дар қисмате аз қаламрави Сомониён қабилаҳои бодиянишини оғуз (туркманон) соли 1040 таъсис додаанд. Бунёдгузори ин давлат Туғрилбеки Салчуқӣ мебошад, ки солҳои 1040-1063 қабилаҳои парокандаи оғузро муттаҳид намуда, бо номи саромади қабила давлати Салчуқиёнро таъсис додааст. Подшоҳони номдори сулолаи Салчуқиён Алпарслон (1063-1072), Ҷалолуддини Маликшоҳ (1072-1093) ва Султон Санҷар (1118-1157) мебошанд.

САЛЧУКИЁН ЧИ ГУНА ПАДИД ОМАДААНД?

Салчуқиён чандин қабилаҳои кӯчманчии оғузҳо буданд, ки дар ҳудудҳои шимолии баҳри Хазару Арал будубош намуда, асосан ба чорводорӣ ва тохтутоз машғул буданд. Гурӯҳе аз қабилаҳои оғузро амирони Сомонӣ ба ислом оварда, дар даштҳои шимолии Нуратои кунунӣ макони зист додаанд, то ки аз тохтутози дигар қабилаҳои кӯчӣ эмин бошанд. Баъзе таърихнигорон бар он пиндоранд, ки қабилаҳои салчуқӣ аслан ориёитабор буда, дар натиҷаи омезиш ёфтан бо қабилаҳои турктабори воҳаҳои шимолии баҳрҳои Хазару Арал забони модарии худро бохта, симои аҷдодиашонро нигоҳ доштаанд ва бо номи «туркмон», яъне туркмонанд шуҳрат ёфтаанд.
Дертар истилоҳи туркмон иттиҳоди қабилаҳои оғузро ифода намуда, акнун бо номи халқ ва миллати туркман ҷумҳурии мустақиди худро таъсис додаанд.

ДАВЛАТИ САЛЧУҚИЁН ЧӢ ГУНА БУНЁД ЁФТ?

Дар замони Ғазнавиён Султон Маҳмуди Ғазнавӣ 4 ҳазор хонаводаи туркмонро дар ҳудудҳои Нисою Абеварди Хуросон ҷой дод. Дертар ҳамин қабилаи силаҳшӯру яғмопеша дигар ҳамнасабонашро гирд оварда, ба тохтутозу ғоратгарӣ рӯ оварданд. Бародарон Туғрилбек ва Чағрибек борҳо ҳудудҳои давлати Ғазнавиёнро рахна зада, оташи ҷангро афрӯхтанд ва соли 1040 дар муҳорибаи Дандонакон лашкари Масъуди Ғазнавиро шикаст доданд. Бо ҳамин бунёди давлати Салчуқиён ниҳода шуд ва шаҳри Марви бостонӣ, ки яке аз шаҳрҳои қадими тоҷикон буд, ба дасти ин сулола афтода, пойтахти давлати онон гардид. Салчуқиён аз коҳидани нуфузи сиёсии Ғазнавиён дар Хуросон истифода бурда, тайи солҳои 1038–1055 аз Марву Нишопур то Ҳироту Сиистон ва Раю Бағдодро фатҳ намуданд.

пешина
аз 395
навбатӣ