Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ДАВЛАТИ БУВАЙҲИЁН ЧӢ ГУНА ТАЪСИС ЁФТ?
Писари бузурги Абущуҷоъ – Алӣ ибни Бӯя ҳамроҳи Мардовичи Зийёрӣ алайҳи сарлашкарони Сомониён шӯрида, бо ёрии бародарони худ Ҳасан ва Аҳмад соли 935 музофоти ғарбии Ҳамадонро забт намуд. Дертар ин се бародар лашкар гирд оварда, Алӣ Ҳамадону Исфаҳон; Ҳасан Рай, Кошон ва қисми Исфаҳон; Аҳмад Кирмон, Хузистон ва баъдан соли 936 Бағдодро ба даст оварданд. Халифаи Аббосӣ Мустакфӣ Биллоҳ ночор ҳокимияти ин се танро ба расмият шинохта, идоракунии воқеии Ироқи Арабу Ироқи Аҷамро ба Аҳмад супорид ва барояш лақаби Муиззуддавларо ниҳода, бо унвони Амирулумаро мушарраф намуд. Бо мурури замон сулолаи Бувайҳиён ҳокими мутлақи Бағдод гашта, аз болои Аббосиён ҳукмрон шуданд. Баъдан ин бародарон ба се қисм ҷудо шуда, дар се минтақа ҳукмронӣ кардаанд, ки бо номи Дайламиёни Форс, яъне ҷонишинони Алӣ; Дайламиёни Ироқу Кирмон ва Хузистон – ҷонишинони Аҳмад; Дайламиёни Раю Исфаҳон – ҷонишинони Ҳасан машҳур мебошанд.
АВҶИ ДУРАХШИ ДАВЛАТИ ДАЙЛАМИЁН КАЙ БУД?
Намояндаи бузурги оли Бӯя Алӣ аз сабаби безуриётӣ (бефарзандӣ) писари бародараш Ҳасанро бо номи Азудуддавла Фанохусрав соли 949 ҷонишини худ эълон дошт. Азудуддавла соли 968 Кирмон ва баъдан қисматҳои ҷанубии халиҷи Форс ва Уммонро зери тасарруфи хеш дароварда, шаҳри Шерозро пойтахти худ қарор дод. Азудуддавла чун бузургтарин ҳукмрони оли Бӯя шуҳрат ёфта, кӯшиш намуд, ки як давлати мутамарказ сохта, усули давлатдории Сосониёнро эҳё намояд. Ӯ дар баробари сиёсатмадори тавоно ва амири фозили равшанфикр будан, барои ободонии шаҳри Бағдод ва дигар шаҳрҳои Ироқу Эрон кӯшида, чандин бемористонҳо ва таълимгоҳҳои тиббӣ бунёд намуд. Яке аз қасрҳои бинокардаи ӯ дар Шероз дорои 360 ҳуҷра буда, дар он аксари китобҳои нодири замонасро гирд оварда буд. Давлати Дайламиён яке аз давлатҳои тавонои миллии ориёитаборон мебошад, ки расму русум, илму фарҳанг ва усули давлатдории мутамаддини миллиро эҳё ва дар либоси исломӣ пуштибонӣ намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё