Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

МУҲОҶИРАТИ
ОРИЁИҲО

Аз рӯи навиштаҳои китоби Авесто замоне қавмҳои ориӣ дар як сарзамини муштарак мезистанд, ки Арияна Ваеҷаҳ ном дошта, онро худои некӣ Аҳура Маздо пуштибон будааст. Тақрибан ёздаҳ ҳазор сол пеш ба қисмати шимолии Осиё - ватани бумии қабилаҳои ориӣ - сардиҳо ва яхбандиҳои тӯлонӣ омада, зиндагии осудаи онҳоро душвор намуд. Дарёҳои Об ва Енисей, ки дар маркази ватани нахустини ориӣҳо қарор доштанд, ях баста сардиҳои зимистон то даҳмоҳ тӯл мекашид. Чарогоҳҳои сарсабз зери барфҳои абадӣ монданд ва талаф ёфтани чорво меафзуд. Аз ин сабаб, гурӯҳи бузурги қабилаҳои ориӣ пас аз фаро расидани яхбандию хунуқиҳои шадид ночор кӯч баста, ба сӯи минтақаҳои гарми ҷануб ва сарзамини кунунии Осиёи Марказӣ меоянд. Ориӣҳои дар Осиёи Марказӣ маскуншуда аҷдоди бевоситаи тоҷикон буданд.

ЧАРО ОРИЁИҲО КИШВАРКУШО ВА
ҶАНГОВАР ШУДАНД?

Кӯчидани ориӣҳо аз шимоли Осиё ва соҳиб шудан ба чарогоҳу заминҳои қабилаҳои дигар боиси ҷангҳои сахт гардида, маҳорату ҳунари ҷанговарии онҳоро беҳтар мекард. Қабилаҳои бумии Осиёи Марказӣ дравидҳо, бурушаскиҳо ва хунзакутҳо дар он замон хеле камшумор буданд ва дар сатҳи пасти тараққиёт қарор доштанд. Аз ин рӯ, ориӣҳои чолоку набардпеша онҳоро ба осонӣ шикаст дода бошишгоҳу чарогоҳҳояшонро соҳиб мешуданд. Сипоҳиёни савораи ориӣ бо аспҳои чобуку тездав аробаҳои дучарха (гардуна)-и ҷангиашон сарбозони душманро ба осонӣ шикаст медоданд.
ОРИЁҲО ДАР КАДОМ
КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ СОКИН ШУДАНД?

Ориёҳо баъди муҳоҷирати тӯлонӣ аз рӯи ривояти китоби Авесто дар ҳабдаҳ кишвари паҳновару сарсабз сокин мешаванд, ки ҳамаи онҳо дар ҳудуди кунунии Осиёи Марказӣ ҷойгир шуда буданд. Ин кишварҳо Арияна Ваеҷаҳ, Суғд, Марв, Бохтар, Ҳирот ва ғайра мебошанд, ки гӯё ин кишварҳоро Худои некӣ ва рӯшноӣ Аҳура Маздо ба бандагони писандидааш ато кардааст. Аксари ин кишварҳо дар сарзамини таърихии тоҷикон ҷойгир буда, имрӯз низ бо номи қадимашон, яъне Суғд, Бохтар, Марв, Ҳирот, Хоразм ва амсоли ин боқӣ мондаанд.

пешина
аз 395
навбатӣ