Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Ҷанговари савора ва камонқаши ориёӣ.
ОРИЁИҲО
Тоҷикон нахустин сокинони Осиёи Марказӣ ва аз қадимтарин мардумони ориёитабори ин минтақа мебошанд, ки аз замони пайдоиши худ бештар дар водиҳои паҳновару ҳосилхези ду дарё – Ому ва Сир зиндагӣ ба сар мебурданд. Маъхазҳои хаттӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ, алалхусус харобаҳои шаҳристону қалъаҳо, коҳу кӯшқҳо ва бошишгоҳу манзилҳои иқоматии хурду бузурги онҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки гузаштагони дури тоҷикон ва дигар мардумони порсизабон аз тоифаҳои сафедпӯсту гандумгунон ва дорои риши анбӯҳ бо номи ориёиҳо будаанд.
ОРИЁИҲО ДАР КУҶО ЗИНДАГӢ МЕКАРДАНД?
Бошишгоҳи нахустини қабилаҳои сершумори ориёӣ тахминан 14–15 ҳазор сол пеш дар паҳноҳои Сибири Ғарбӣ, доманакӯҳҳои Урал ва даштҳои ҷанубии Русия, аз ҷумла соҳилҳои дарёҳои Об у Енисей, то атрофи баҳри Хазар будааст. Дар натиҷаи кӯчбандии қавмҳои ориёӣ ба самти Осиёи Марказӣ онҳо дар миёни рӯдхонаҳои Ому ва Сир, асосан дар минтақаҳои Бохтар, Суғд, Ҳирот, Хоразм ва Роғ сокин шуда, тамаддуни кишоварзӣ ва давлатҳои нахустини маҳаллиро бунёд гузоштанд.
Ориёиҳо нахустин ромкунандагони чорво буданд.
НАМУДИ ЗОҲИРИ ВА РАФТОРУ ХИСЛАТИ
ОРИЁИҲО ЧӢ ГУНА БУД?
Ориёиҳо аз рӯи навиштаи таърихнигори бузурги юнонӣ Ҳеродот саворони моҳири ҷанговору кишваркушо буданд. Онҳо мӯи дарози ба китф хамида, риши анбӯҳ, рӯи гандумгуну пешонаи васеъ, чашмони кабуд, зардча ё сиёҳ, пӯсти сафед, қомати баланди ҳайбатнок ва ҷуссаи қавию тавоно доштанд. Онҳо нахустин шуда, дар сарзамини худ аспҳои ваҳширо ром карданд ва дертар сохтани зину лаҷом, шамшеру найза, зиреҳҳои ҷангӣ ва аробаҳои дучархаро барои набарду боркашонӣ ёд гирифтанд. Ориёиҳо инчунин нахустин ромкунандагони говҳои ваҳшӣ ва гӯсфанду бузҳои ёбоӣ буда, бо аспҳои даванди хеш пешаи чорводориро ривоҷ додаанд.
Паҳншавии ориёиҳо ва тамаддуни ориӣ тайи солҳои 10 000–670 то милод
Ҳиндуаврупоиҳои нахустин дар ҳазорсолаи X–VII то милод
Паҳншавии ҳиндуаврупоиҳо дар ҳудудҳои Украина ва Россия тайи ҳазорсолаҳои VI–V то милод
Густариши тамаддуни саворасолорӣ дар ҳазорсолаи IV то милод
Паҳншавӣ ва муҳоҷирати тоифаҳои савораи ориӣ дар ҳазорсолаҳои IV–III то милод
Забткории ориёиҳои Осиёи Марказӣ баъди солҳои 1600 то милод
Паҳншавӣ ва забткориҳои ориёиҳои мидӣ ва порс дар Эрони Ғарбӣ баъди солҳои 670 то милод

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё