Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Мардумони ориёӣ, аз ҷумла ниёгони тоҷикон, осори хаттии зиёде аз худ боқӣ гузоштаанд, ки аввалини онҳо Авесто мебошад. Авесто китоби бузургҳаҷм буда, маълумоти фаровони динӣ, адабӣ, таърихӣ, ҷуғрофӣ, фалсафию ҳуқуқӣ ва тиббию табииро фаро мегирифт. Дар баробари ин Авесто китоби муқаддаси ойини зардуштия аст, ки дар замони қадим то интишори ислом гузаштагони мо ба он эътиқод доштанд. Зардуштия то густариши дини ислом дини асосии ниёгони мо буд.
Пас аз паҳншавии ислом ҳам эътиқодмандони ин дин аз Эронзамин ба иёлоти Бомбай ва Гуҷароти Ҳиндустон кӯчиданд. Дар иёлоти Гуҷарот имрӯз ҳам зардуштиён китоби муқаддаси Авесторо мехонанд ва маросимҳои диниро ба ҷо меоранд.

Бо фармони шоҳ Виштосб аввалин
бор матнҳои Авесто пурра дар 12 ҳазор
пӯсти даббоғишуда бо оби тило навишта
шуда буд, ки ду нусха дошт. Яке аз онҳо
дар хазинаи шоҳаншоҳ ва дигараш дар
яке аз ибодатхонаҳои зардуштиён маҳфуз буд.

Искандари Мақдунӣ соли 331 то милод Эронро забт кард ва бо фармони ӯ нусхаи дар оташкада будаи Авесто сӯзонда шуд. Нусхаи хазинаи шоҳаншоҳро ба Юнон фиристод, то ки он тарҷума ва мавриди омӯзиш қарор гирад. Дар асри I милодӣ бо дастури подшоҳи сулолаи Ашкониён – Балоши I Авесто аз нав ба шакли китоб дароварда шуд. Аммо аз он Авестои дубора тадвиншуда ҳам, осоре боқӣ намондааст.

пешина
аз 395
навбатӣ