Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар Шодӣ Саидов байнашон набошад, хоҳиш мекарданд, ки ӯро ёфта, ҳозир кунем. Сӯҳбати эшон бе Шодӣ Саидович хушку холӣ, беханда мегузашт.

Боре онҳо ҷамъ омаданду аз ман хоҳиш карданд, ки Шодӣ Саидовичро тез ёфта, ба сӯҳбаташон биёрам. Давида ба утоқи кориаш рафтаму ба ӯ гуфтам: -шаш вазир дар автобуси телевизион ҷамъ шуда, Шуморо интизоранд, ким-кадом масъалаи муҳимеро медидаанд, рафтем.

  • Ҳозир худам аз ҳамон майдон омадам, -гуфт Шодӣ Саидов. Медонам, ки он масъалаи муҳимашон чист ва барои чӣ вазирҳо маро мекобанд. Намеравам! Рафта гӯй, ки Шодӣ Саидов нос надорад... Наход вазир шуда, дар рӯзи ид барои худат ду қошуқ нос дар киссаат харида нагирӣ, гуфту бо табассум носро ба зери забонаш партофта хумор шикаст...

Шодӣ Саидов аз ҷиҳати зарофатгӯй, ҳазлу шӯхӣ ва лутфу нозукбаёнӣ дар қатори адибони номдори тоҷик Боқӣ Раҳимзода, Саидалӣ Вализода, Ашӯр Сафар, Самад Ғанӣ меистод. Сухани ӯ лутф дошт.

Ҳарчанд Шодӣ Саидов ба ҳазлу шӯхӣ шуғли беандоза дошт, лекин дар иҷрои вазифа ҷиддӣ ва серталаб буд ва дар айни ҳол нисбат ба ҳамкорону ҳамкасбонаш муносибату муомилаи хайрхоҳона дошт. Ӯ ба қадри инсони эҷодкор мерасид ва барои он тамоми шароитҳоро фароҳам меовард.

Вай бо ҳамин хислатҳои наҷиби инсонӣ дар байни ёрӯ дӯстон ва шогирдони бешумораш соҳиби маҳбубияти зиёд ва иззату эҳтироми эшон гардидааст. Ин аст, ки ном ва хотираи Шодӣ Саидовро мо ёрӯ дӯстонаш ҳамеша ба некӣ ёд меоварем.

  • Рӯҳат шоду манзили охиратат обод бод, акои Шодӣ!

НОМБАРДОРИ ПАДАР

Рӯзи якшанбе буд. Одатан ҳар рӯзи истироҳат фарзандон ба аёдати волидайн мераванд. Фарзандони Ғиёси Забир дар рӯи суфаи калон, ки дар таги воиши баланду барҳавои токи ангур воқеъ буд, падарро дар гирди хони пурнозу неъмат иҳота намуда сӯҳбат мекарданд. Ғиёси Забир ба чеҳраи ҳар як писараш назар афканда давраи ҷавонии хешро пеши назар меовард. Соли 1929 вақте ки ӯ ба мавзеи Махсумобод кӯчида омада буд, чи тавре ки мегӯянд на об буду на алав, на хонаю на дар, тобистон хоки роҳҳои ин мавзеъ то зону мебаромад, дар

пешина
аз 173
навбатӣ