Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
- Ку, бигӯ, кадом калимаро нафаҳмидӣ?
- Ғоиб Назарович калимаи «Ахтар» - ро, ки ба зераш хати сурх кашида буд, ба Шодӣ Саидов нишон медиҳад.
- Э...э, ҳамин калимаи «Ахтар» - ро? Ҳамон ситораҳое, ки дар осмон сӯи ману ту чашмак мезананд, дар замин одамон онҳоро «Ахтар» мегӯянд. Ғоиб Назарович аз ҳозирҷавобии Шодӣ Саидов кайф карда, қоҳ-қоҳ хандид...
Шодӣ Саидов 13 сол раиси «Госкино» - и Ҷумҳурӣ ва қариб бист сол намояндаи халқ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон буд. Вай муаллифи шаш маҷмӯаи очерку ҳикоя ва ёддоштҳо, чандин тарҷумаҳои асарҳои нависандагони русзабон мебошад. Муаллиф дар маҷмӯаҳои «Ленин дар дили миллионҳо» (1970), «Диловари Вахш» (1972), «Зинаҳои умр» (1977), «Кинои тоҷик 50 - сола шуд» (1979), «Пайраҳаҳои ҷангӣ» (1988), «Гардишҳои ҳаёт» (2000) хонандаро бо меҳанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳурмату эҳтироми якдигар, дӯстию бародарӣ ва аз бар кардани дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, бо зарофату такаллуфи ба худ хос ҳидоят менамояд. Фаъолияти серҷабҳаю пурмаҳсули Шодӣ Саидов бо чандин ордену медаллаҳои ҷангию меҳнатӣ ва ифтихорномаҳои зиёди Шӯрои Олӣ, Лауреати мукофоти журналистии ба номи А. Лоҳутӣ ва Ходими Шоистаи Тоҷикистон қадр карда шудааст. Шодӣ Саидович ҳамчун рӯзноманигори барҷаста парчамбардори матбуоти тоҷик, бештар аз 50 соли умри худро барои ғанӣ гардонидани фарҳанги миллӣ ва тарбияву ба камол расонидани кадрҳои рӯзноманигорӣ бахшидааст.
Шодӣ Саидов раиси «Госкино» буду Ғоиб Қаландаров раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон. Дар рӯзҳои идҳои 1 - Май, 9 - Май, 7 - Ноябр барои паради меҳнаткашонро намоиш додан техникаи студияи сайёри телевизиони Тоҷикистонро ба Майдони ба номи Ленин (ҳозира назди маҷмааи Сомонӣ) мебаровардем. Дохили яке аз автобусҳо барои дамгирии кормандон таҷҳизонида шуда буд. Рӯзҳои ид баъди намоиш вазирони гуногуни Султон Мирзошоев, Исмоил Қурбонов, Ҳикматулло Насриддинов, Лакай Қармишев, мухбири «Правда» Отахон Латифӣ он ҷо дар назди Ғоиб Қаландаров ҷамъ мешуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё