Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
ӯро табрик намуда, ҳамчунин бо тӯҳфаҳои қиматбаҳои хотиравӣ сарфарозаш карданд.
Банда ҳамчун намояндаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдат ва табрики ӯ ба шаҳри Санкт-Петербург рафта будам. Вай дар номаи арзи сипосаш чунин навиштааст:
«Ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати таҳририяи рӯзномаи «Ҷумҳурият», ҳамаи ёру дӯстон ва ҳамкасбоне, ки дар рӯзи ҷашни 80-солагии зодрӯзам маро тавассути нома, телефону баркияҳо табрику муборакбод кардаанд, арзи сипосу миннатдорӣ менамоям. Ман аз Ватан дур бошам ҳам, меҳру муҳаббатам нисбати Тоҷикистони азизам, халқам, хешу табор ва ёру дӯстонам самимию беҳамтост.
Ман аз он ифтихор дорам, ки дар Ватанам бо сарварии фарзанди хирадманду фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон сулҳу якдигарфаҳмӣ, тинҷию оромӣ ва ризояти миллӣ ҳукумфармост ва халқи тоҷик бо меҳнати бунёдкоронааш баҳри ободию некуаҳволии хеш ва солгарди ҷашни навбатии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳду талош дорад.
Аз ҳар як навгониҳо ва дастовардҳое, ки Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои гуногун ноил мешавад, сарам ба осмон мерасад ва аз он ифтихор мекунам, ки ман тоҷикам! Ба халқи бузургворам, баҳри ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол тансиҳатӣ, барору комёбӣ ва дар арсаи ҷаҳонӣ нуфузу обрӯ ва сарбаландиашро таманно дорам!».
Соли 2007
ЛУТФИ СУХАН
Зиндагӣ ҳар қадаре хуш гузарад, ҳамон қадар барои инсон ширин аст. Зиндагиро инсонҳои наҷиб: хушсуҳбату хушгуфтор, нексиришту хушмуомила бо суханҳои ширину зарофатгӯиҳои нотакрори хеш зебо, гуворо ва хотирмон мегардонанд.
Шодӣ Саидов аз зумраи чунин инсонҳои хушчак-чаку зарофатгӯй буд. Истеъдоди худододи ӯ бо шири модар дар вуҷуди ӯ ҷой гирифта буд. Вай дар маҷмӯаи ҳикояҳои ҳаҷвиаш «Гардишҳои ҳаёт» меоварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё