Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

шасти Ғоиб Қаландаровро гардонид. Миёни чун алифаш лом гашт. Ним сол дар ҷустуҷӯи Акобир шуд, лекин аз ӯ нишоне намеёфт. Ва ниҳоят аз шоҳидон шахсе ёфт шуду асри воқеаро ба Ғоиб Назарович нақл карда дар куҷо будани ҷасади ҷиянашро ба ӯ нишон дод. Ғоиб Қаландаров баробари дидани ҷасади Акобир – даст ҷудо, по ҷудо, тан ҷудо ва гӯшу бинии буридаи ӯро дида, дунё дар сараш чарх зад, ҳуш аз сараш парид, хост, ки фарёд кашида бигӯяд: - Эй, дунёи пурҷҳолат!!! Эй, ҷоҳилони номусулмон!!! Охир ин чӣ беадолатист!! Тоҷикро дар Ватани худаш бо чунин ваҳшоният куштан номусулмонӣ нест магар?

Ғоиб Қаландаров барои Ҷумҳурӣ шахси ноаён ва оддӣ набуд. Ӯ арбоби сиёсию ҷамъиятӣ ва журналисти барҷастаи Тоҷикистон аст. Вале мансабдорони ҳамонвақта аз ҳамаи хизматҳои ӯ чашм пӯшиданд, ҳатто ба вай ҳамдардӣ ва тасаллият эълон карданро лозим надонистанд. Гузашта аз ин, болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин боз кадом як нохалафе ҳар бевақтии шаб ба хонаи Ғоиб Қаландаров тавассути телефон занг зада, бо таҳдид ба ӯ мегуфтааст: «Ба ту панҷ рӯз мӯҳлат, агар аз Тоҷикистон баромада наравӣ, туро ҳам мисли ҷиянат ба қатл мерасонем». Илова бар ин ҳар гоҳ ки хаткашон мактуб меовард, лифофаро гирифта мекушояд, боз ҳамон таҳдидҳо: - «Ҳоло ҳам нарафтаӣ? Мехоҳӣ, ки сарат аз танат ҷудо шавад?!!»

Баъди ин таҳдидҳои ваҳшиён Ғоиб Назарович хизматҳои кардаашро бо ин беқадриҳо муқоиса карда гӯёӣ, ки ба сараш як сатил оби сард рехта бошанд, дилаш аз ҳама хунук шуд, вале пеши касе сарпастӣ накарда тарки Ватан кард.

Ӯ аввал духтараш Наталяро ҳамроҳи шавҳараш ба Санкт-Петербург ва баъд писараш Александрро бо аҳли оилааш ба шаҳри Москва гусел намуд, сонӣ худаш ҳамроҳи завҷааш Анастасия Георгиевна моҳи январи соли 1994 ба шаҳри Санкт-Петербурги Федерасияи Россия ҳиҷрат кард.

Ғоиб Назарович Қаландаров соли 2005 ба синни мубораки 80 қадам гузошт. Вай беш аз 12 сол аст, ки дар хориҷ аз Ватан, умр ба сар мебарад. Ба ифтихори 60 - умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 80 - солагии мавлудаш Президенти Федерасияи Россия Владимир Путин ва Губернатори шаҳри Санкт-Петербург Валентина Матвиенко

пешина
аз 173
навбатӣ