Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ХОРДАСТА

Ҳар сол вақте, ки фасли зебои баҳори ба сарзамини хушманзари мо ояд, ҳамон лаҳзаҳои гуворо ва бароям ниҳоят ширин пеши назарам мисли лентаи кино даргузар мешаванд:

Рӯзи шанбе буд. Рухсора ба ман занг зада хоҳиш кард, ки ӯро ба сайру гашти табиат, аз ҳавои тоза нафас гирифтан барам. Худам ҳам аз бисёрии кор ниҳоят бефараю монда шуда, интизори он будам, ки касе ба сайру саёҳати ҳавои тоза таклифам намояд, то ки каме хастагиам барояд... Рости гап, солҳои тӯлониест, ки ману Рухсора якдигарро дӯст медорем, лекин ягон маротиба аз шаҳр берун набаромадаем. Бори аввал ӯ бо чунин хоҳиш муроҷиат кард.

-Майлаш, «Аз дӯст як ишора, аз мо ба сар давидан»-гуфта, Рухсораро таъкид кардам, ки тайёр шуда ба роҳ барояд.

-Ману ронанда аз паи хариди хӯрокворӣ шудем.

Рухсора моро дар роҳ интизор буд. Дари мошинро кушодам, ӯ ба нишастгоҳи қафо дар паҳлӯи ман ҷой гирифт.

Ба куҷо равем? — пурсидам аз Рухсора. Вай ду китф дар ҳам кашида сӯям табассум карда гуфт: – «Ба ҷое, ки пур аз сабзаву лолазор бошад. Чунки чанд сол аст, ки дар дил хоҳиши лолачинӣ дорам. Ҳеҷ не, ки ба орзуям бирасам.

Ба ронанда гуфтам, ки мошинатро ба самти ҷануб гардон. Ӯ сӯям маънидорона нигоҳ карда, пурсид: - Шеф, ҷануб кадом тараф аст?

  • Кадом тарафе, ки гармтар аст.

Фаҳмидам, - гуфта мошинро сӯи роҳи дашти Лоҳур ҳай кард.

Аз пули дарёи Душанбе гузаштем, боз камтар масофаи дигарро тай намуда, ба роҳе, ки сӯи офтобнишин мебурд, раҳсипор шудем.

-Исто, ки ҳамин роҳ ба куҷо мерафта бошад,- пурсидам аз ронанда. Ӯ аз саволи ногаҳонии ман ҳайрон шуда гуфт. - Рости гап, шеф ман ҳам ин роҳҳоро бори аввал мебинам, хайр, таваккал, меравем.

-Таваккал бошад, таваккал, рафтем! ...

Дар осмон пораҳои абрҳо тез-тез ҷой иваз мекарданд. «Абр агар аз қибла хезад, сахт борон мешавад», - мақоли халқиро аз дил гузаронидам. Наход, ки борад – а? О, мо ба истироҳат омадаем...

пешина
аз 173
навбатӣ