Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
наметавонист ва даст боло карда, аз Худо илтиҷо мекард, ки ҳарчи тезтар амонатиашро бигирад, то ки дигар рӯи набераи бе гӯшу забонашро набинад.
Дами субҳ буд, ки нолиши ҷонгудози мӯйсафед писару келинашро аз хоби ширин бедор кард. Маъруф-бобо номи кампири раҳматиашро ба ёд оварда олой мегуфт:
-Роҳила, ҳой, Роҳила, дастамро дор хезам, Роҳила, як коса оби хунук биёр сари дилам месӯзад.
-Ҳа, дада. Чӣ шуд? – давида даромад Карим.
-Оҷата гӯй як коса об биёраду омада маро такя бигирад. Бунафша канӣ?! Мӯйсафед боз чизе гуфтан мехост, вале забонаш нагашт ва ҳар замон бо дасташ таги болишташро мепалмосид. Ба ӯ муяссар нашуд, ки мақсадашро ошкор кунад. вай аввал ба Карим дуру дароз нигоҳ карду баъд ба Сайёра, сипас аз ду гӯшаи дидагонаш ашк мисли марворид ба рӯи бистараш гел хӯрданд. Ӯ ба ҳоли худ шуд. Карим манаҳашро бардошта баст. Маъруф-боборо худи ҳамон рӯз ба хок супориданд.
-Чаро падарам ҳар замон дастаْшро сӯи таги болишт дароз карда чизеро мекофт? Карим таксарии ӯро бардошта аз зери он як даста пулҳои нафақаашро аз даруни латтаи гиреҳпеч кушода, аз даруни онҳо як порчаи когазеро ёфт, онро кушода оҳиста аз назар гузаронид:
Дар рӯи коғаз ин суханони бо дасти ларзон нигоштаи падараш сабтшуда буданд: «Писарам, Каримҷон ва келини азизам! Ман гуноҳи азиме кардаам. АгаР Худо худаш набахшад, ман чун бандаи осӣ ба он дунё меравам. Сабабгори бегӯшу безабоншавии ҷигарбандам манам. Бобои бадбахт будаam! Вақто ки чойнику пиёлаи аз падарам ёдгормондоро Бунафша афтонда шикаст, газабам ҷӯшида рафта, якбора ба сараш сахт дод гуфта, ба бари рӯяш як шапотӣ задам.
Ҳамон лаҳза боз садои гулдуроси тундар ҳамаҷоро ларзонд. Хаёл кардам, ки ҳарду гӯши худам ҳам кар шуд. Кошки ман кару гунг мешудаму Бунафшаам сиҳат мемонд. Сабаби кару гунгшавии Бунафша худи ман – Бобояш шудам. Ҳамин дарду алам дили маро тарконд. Ҳамин дарду ҳасрат маро ба хоки хунук кашид.
Маро бубахш, Бунафша! Худо туро офият диҳад, духтаракам».
Соли 2007

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё