Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

АдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан
  • Рухсора ба атроф назар кун, чӣ хел табиати зебо дорад Тоҷикистони мо, чӣ сон бӯи муаттар доранд, сабзаҳои дашту ҳомун нигоҳ кун, бо дидани чунин манзараи зебо зиндагӣ бароят ширинтару дилработар метобад. Гумон мекунӣ, ки ҳоло тамоми ин дунё дар оғуши ману туст.

Интихоб кун, азизам, дар куҷо менишинем?

Рухсора чунон хурсанд буд, ки аз тамошои ин манзара рӯи зебояш ва рухсораҳои лолагунаш боз ҳам дилкаштар менамуданд. Ӯ ин сӯ, он сӯ чашм давонда, намедонист, ки куҷоро интихоб намояд, чунки ҳамаи гирду атроф дилкаш буд. Пас ба баландие ишора карда, гуфт.

-Ана, хо-о дар он ҷо!

Он тарафтар баландие буд, ки мисли суфа ҳамвор. Аз он баландӣ тамоми ҳусну зебогии гирду атроф бараъло намудор мешуд. Каме дуртар аз мо дашти лолазор қаторкӯҳҳои Кӯктош ба ҷониби Ғозималик намудор буданд.

Мо ба сӯи ҳамон «Суфакӯҳ» роҳӣ шудем. Ронанда «дам ганимат» гӯён дарҳои мошинаро пӯшидаву пуштаки курсиашро қафо хамонда, хоб рафт. Мо ба «Суфакӯҳ» баромадем.

Баъди чанд лаҳзае рамаи гӯсфандон, ки хеле дур аз мо чарида мегаштанд, наздик шудан гирифтанд. Баррачаҳои навзоди ширмаст чор тараф паропарӣ ва даву тоз мекарданд.

Чӯпони рама марди миёнасоли қоматбаланд, дар тан чакмани сиёҳ, дар сар саллаи абрешими ба сони чакманаш лаҳҷамонанд, дар пойҳояш мукӣ, таёқаш сари китф, дар як тарафи саллааш се-чор гули сиёҳгӯш ва чанд гули лола халонда буд, назди мо омад.

Аз ду паҳлӯяш ду саги калони чӯпонӣ чун муҳофизон ба ӯ ҳамроҳӣ мекарданд. Вай ба мо салом дода, аз ҳолу аҳволи якдигар пурсон шудем. Баъд даҳмарда гулҳои сари саллаашро гирифта, ба Рухсора доду «Гулу ҷавонӣ ба ҳам мезебанд», гуфт ва оҳи чуқуре кашид.

Ман аз чӯпон пурсидам:

  • Амак, исми шарифатон?

  • Сабур, номи ман, - гуфт ӯ. Номи ҳо ана вай писарам - Қодирҷон. Ӯ давоми умри ман аст.

-Пас амаки Сабурро назди дастурхон таклиф намудам, ӯ изҳори миннатдорӣ карда, илова намуд: - Умри ман дар ҳамин

пешина
аз 173
навбатӣ