Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
- Ҳозирини гиромиқадр, биёед дар фарҷоми ҷаласа ба халқи пуртоқати тоҷик, ки на пеши гармии тобистону сардии зимистон, на гуруснагию ташнагӣ ва на торикии хонаҳо сар хам намекунад, таҳсину офарин гӯем!
САҲВ КАРДЕД, БАРОДАР!
Дар даҳлези бинои корхонаамон се нафар ҷавонони ношинос мисли секунҷа рост истода буданд. Баробари аз дар ворид шуданам ҳарсеи онҳо таъзимкунон пеши роҳи маро гирифта мисле, ки шиносҳои наздики даҳҳо солаҳо ҳамдигарро надида бошем, салому алек ва пурсупос карданд.
-Устод мо Шуморо интизорем, - гуфт яке аз онҳо, ки сину солаш нисбатан калонтар буд.
Ман онҳоро бори аввал медидам.
-Марҳамат, -ба идораи кории ман меравем, - гуфтам ба онҳо.
ЯК нафарашон, ки шояд ронандаи мошинай онҳо буд, дар ҳамон даҳлез расмҳои дар девор овезонбударо тамошо карда истод. Ва ду нафари дигарашон ҳамроҳи ман вориди утоки кориам гардиданд. Бинам ҳамроҳашон камераи наворгирӣ ва боз чанд сумкаю сеткаи дигар ба коргоҳам дароварданд.
-Хуш омадед, чӣ хизмат кунам?!, -пурсидам аз онҳо.
- Ман рӯзноманигор, ин кас наворбардор, ҳардуямон аз телевизиони «Гули райҳон»-и ноҳияи «Гулистон». Мо як барномаи силсилавии бо номи «шахсиятҳо» дорем ва он аз кору пайкор ва рӯзгори фарзандони фарзонаи миллат нақл мекунад. Тасмим гирифтаем, ки шумораи навбатии онро ба рӯзгор ва фаъолияти эҷодии шумо бахшем.
Ман аввал хаёл кардам, ки шояд аз саҳифаҳои матбуот ҳикояҳои маро хондаю ва ду-се маротиба тавассути телевизион дида ғоибона бо ман шинос шуда бошанд. Бинобар ин ман розӣ шудаму лекин дилам ба «ҳа» гуфтанам чандон боварӣ надошт.
-Майлаш, қабул, ҳозир ман чӣ кор кунам?
-Ман савол медиҳам Шумо вобаста ба саволи ман нақл мекунед. Наворгиранда пояҳои штативашро рост карда камераро ба болои он шинонд. «Ман-тайёр», сар кардем, - гуфт ӯ.
-Не, истед, устод, камтар гарданатонро рост кунед, чеҳраатонро кушода гиред, ба объективи камера нигоҳ карда гап занед. Ана, ҳамин тавр «отлично!». Акнун сар кардем...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё