Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

АдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

Гуфтам ку геологҳои мо ягон кони нави ангишт кашф намоянду ангишти он аз санҷиши лабораторӣ дар Хитой ба хубӣ гузарад, боз соҳиби ангишт ҳам мешавад- бародарҳо!

Деҳқонони деҳот соҳиби таҷрибаи бой ва пухтақоранд. Ман пеши мато нати мардуми деҳот сари таъзим фуруд меорам, - гӯён Вазир ҷониби раиси ноҳия диққат шуда таъзим карда, илова мекунад.

  • Ва дар анҷоми ин ҷаласа мехоҳам таваҷҷӯҳи шумо, курсинишинҳои гиромиқадрро ба як масъалаи ниҳоят муҳим ҷалб намоям. Ин тарбияи кадрҳои баландихтисос мебошад. Мо аз кадрҳоямон шиквае надорем. Онҳо ниҳоят маълумотнок, чаққону ҳиллагаранд. Агар оддитар карда гӯем, аз чашм сурмаю аз даҳон сақичро зада мегиранд. Масалан мо дар Хитой ҳисобкунаки барқӣ фармоиш дода, сохта овардем, забони ҳамонҳоро бо тезӣ ёфтанд. Фаъолияти онҳоро дида, гуфтаҳои ҳаҷвнигори машҳури рус Аркадий Райкин ба хотир меоянд:

Ты мне, я тебе. Ты хорош, я хорош. Мы оба уважаемые люди. Ҳозир қисми зиёди онҳо панҷоҳ ба панҷоҳ кор мекунанд.

Ҳамин вақт аз қатори дуюми толор ҷавонмарди гандумгуни хушмӯйлабе ду дасташро карнай карда, сӯи Вазир садо баровард:

  • Мӯҳтарам Вазир, нашунидаед, ки девор мӯш дораду мӯш гӯш! Дар толор коррупсия нишастааст, ҳамаи гапҳоро нагӯед, боз каппаи ҳардуямон дуд накунад?!! Вазир каме хомӯш шуд, вале заррае нарамид, зеро медонист, ки коррупсия ҳам одами худист. Ӯ дар анҷоми баромадаш мисраъҳои зеринро қироат кард:

Имсол соли нур аст,
Соли пур аз сурур аст.
Чашми ҳасуд кӯр аст,
Аз ифтихори тоҷик!

Дар фони ин суруди гуфтаи Вазир биноҳои созу нимсоз, таҳкурсии нерӯгоҳи барқии Роғун, симходаҳои азимҷусса, коргоҳи коргардон, камазҳои пур аз сангу шағол, регу семент паси ҳам қатор пеши назар намудор мешаванд. Вазир лаҳзае нафасашро рост карда, боз диққати аҳли толорро ба худ ҷалб менамояд.

пешина
аз 173
навбатӣ