Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

печкаи кӯмурӣ шинонанд, барои онҳо дудкашакҳои дароз тайёр намоянд, эҳтиёт ними ҳаёт гуфтаанд.

  • Боз кӣ савол дорад? Бошад шарм надоред, банда дар хизмати шумо. Ҷавонмарде аз ҷой хеста, бо табъи хира ба назди баландгӯяк меояд.

  • Вазири олиқадр, бигӯед, ки он инвеститсияҳое, ки аз мамолики хориҷа ба мамлакати мо ворид мегарданд, дар куҷо масраф мешаванд?!

  • Э, додар, як мӯйсафед гуфтааст, ки ин дунё гапаш мӯлу пулаш кам. Агар таги гапа кобӣ, гапи нав баромадан мегирад. Даҳони пӯшида сад тилло, - гуфтаанд. Биёед беҳтараш гапҳои дохилии худамона гуфта гирем...

Чанд рӯз қабл мутахассисҳои мо омодагии ТЭЦ-ҳои пойтахтро ба зимистонгузаронӣ аз назар гузарониданд. Дар ин самт ҳам кор дар авҷ аст. Ду деги гармкунӣ аллакай тайёранд. Фақат ду кафлеси дигар лозим. Дар як дегаш мастоба, дар дигараш карамшӯрбо мепазем. Дар зимистон хӯроки гарм додан кори савоб аст! Мо хӯроки гармро тавассути мағозаҳои Тоҷикматлубот аз нархи бозор панҷ - шаш дирам арзон карда медиҳем. Ин аз як тараф дар зимистон тани мардумро гарм кунад, аз тарафи дигар сатҳи камбизоатии халкро хеле паст менамояд.

Аҳли толор қарсаки бардавом мезанад. Баъд яке аз раисони ҳукумати ноҳияи дурдасте аз ҷой хеста, ба вазир саволе доданӣ мешавад, вале садояш пастӣ кард на ҳама мешуниданд. Бинобар ин ба назди баландгӯяк даъват карданд: Шумо Ҷаноби Вазир, бигӯед, ки барои зимистонгузаронии мардуми деҳот чӣ чораю тадбирҳо андешидаед?!

  • Ҷони гапа гуфтед, раис!

  • Қурбони аҳли деҳот шавам! Чунон мардуми ботамкину пуртоқатанд, ки дар тобистон панҷоҳ дараҷаи гармӣ ва зимистони - чил дараҷа хунукӣ боз торикиро намегӯед, онҳо ҳамаи инро писанд намекунанд. Гармиро онҳо аз офтоби тобистон захира мекунанд, боз ба замми ин хасу хошок, шӯраву янток, гӯзапою таппакро намегӯед. Ҳар як оила ӯҳдадор шудааст, ки барои зимистонгузаронӣ камаш панҷсаддонагӣ таппак захира менамоянд. Ҳамаи ин имконият медиҳад, ки деҳқон сардии ин зимистонро ҳам мардонавор паси сар кунад.

пешина
аз 173
навбатӣ