Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
Бадахшон баргаштем. Он ҷо мо бо тармаҳо ва пиряхҳо сӯҳбати тӯлоние доштем. Тармаҳо ку моро ба тезӣ фаҳмиданд, вале пиряхҳо ҳеҷ гарданкашӣ карда розӣ нашуданд. Ман ба онҳо фаҳмондам, ки ҳаво гарм шудагӣ, об шавед, ки сатҳи обанбори Норак ҳашт метр паст шудааст, қувваи барқ ба халқ намерасад. - Эҳе. Рав, хобата бо оби дарёи Хингоб бигӯй мегӯянд онҳо!
Боз шахсан худам таъкид кардам, ки рафиқон, пиряхҳо, зимистон хунук мешавад, об камӣ кунад ба мардум қувваи барқ намерасад, халқ азоб мекашад, маро аз вазифаам сабукдуш мекунанд.
-
Нобутии худату вазифаат, ту ҳеҷ гоҳ бе мансаб намемонӣ, аз ин вазифа равӣ, боз бо ягон ҷои равғанӣ таъинат мекунанд, чунки тағои зӯр дорӣ, бекор намемонӣ... Гапи пиряхҳо ҳам дуруст, ман бо шарофати хешу табор ва ёру дӯстонам ҳеҷ вақт бевазифа намемонам. Лекин ба умеди Худо нашаву буттаро маҳкам дор гуфтаанд! Дар масъалаи обанбори Норак ба хулосаи ҷиддие омадан лозим! Агар ин пиряхҳо сар напафоранд, тавассути чархбол аз кӯли Саррез бо флақҳо об оварда обанбори Норакро пур мекунам, мардумро бо қувваи барқ таъмин менамоям. Сухани мард якто!!! Боз дар толор оромӣ, баъзеҳо хобу баъзеҳо нимхоб. Аз охири толор порчаи коғазе аз даст ба даст гузашта, ба дасти вазир расид. Ӯ бо дастони ларзон онро кушод.
-
Мӯҳтарам Вазир, дар ҳамин вақтҳои наздик дарёфти ягон кони нафт ва ё ангишт дар назар аст, ё не?!
-
Бале, ҳатман меёбем! Дирӯз як гурӯҳи калони геологҳо бо мутахассисони мо белу каланди бисёр гирифта, ба ҷустуҷӯи конҳои нав ба кӯҳҳои Варзобу Анзоб роҳсипор шуданд. Ҳамин ки ягон кони нав кашф карданд, дарҳол кӯҳмури онро барои аз санҷиши лабораторӣ гузаронидан ба Хитой мефиристем, ҳамин ки аз санҷиш гузашт хонаҳои мардумро бо кӯҳмури худӣ гарм кардан вазифаи ҷонии мост.
Як масъалаи муҳим қариб аз хотирам барояд. Мо бо раисони маҳаллаҳо гуфтугӯ кардем, онҳо мардумро сафарбар мекунанд, ки аз ҳар оила пул ҷамъ карда, аз агрегатҳои хурд-хурд харида, дар даромадгоҳи ҳар як подъезд мешинонанд; Ҳамин ки барқ нарасӣ, онҳоро дармегиронанд, олам гулистон!!! Ҳамчунин мардумро огоҳ кардем, ки дар секцияҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё