Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

-Устод бигӯед, ки давраҳои бачагӣ ва талабагии Шумо чӣ тавр сипарӣ шуданд?!

-Давраҳои бачагии ман ба солҳои даҳшатноки Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад. Азоби бисёре кашидаам, гуруснагии зиёде паси сар кардам, сари лучу пои бараҳна аз қафои гову мол мегаштам. Ҳангоми талабагиям, ҳам дар мактаб мехондаму ҳам дар саҳрои колхоз гоҳ бо аспу гов пахта култиватсия мекардам замини пахтаро. Хуллас дар бачагиям бо азобу кулфати зиёде дучор шудаам. Шуд, бас, бисёр хуб...

-Акнун чанд сухан аз фаъолияти баркамолиатон нақл кунед.

-Шумо ҳамчун ҳунарманд дар кино нақшҳои зиёде офаридаед, бигӯед, ки кадом нақш бароитон бештар хотирмон буд?!

-Шумо саҳв карда истодаед, ман ягон нақше набозидаам!

-Устод, Шумо хоксорӣ накунед, ҳар шаб мардум рекламаатонро мебинанд, дар сартосари мамлакат аз ҳафтсола то ҳафтодсола шуморо мешиносанд..

Устод, ман на танҳо ман, балки тамоми аҳли оилаамон мухлиси ашадии Шумоем. Як кампири бибӣ дорам, ҳар гоҳе ки рекламаи Шуморо дар экран намоиш медиҳанд, айнакҳоямро ба чашмонаш монда, «Э дар қошҳои базебат садка, бачае» мегӯяд. Ҳамин ки аз кинофилмҳо сурудҳо месароед, кампир аз хурсандиаш дар ҷои нишасташ китфҳояш ба бозӣ медароянд, хаёлаш, ки ҷавон бошаду хеста рақс кунад.

Вақто ки ба суханҳои зикршуда гӯш андохтам, боз дар дилам шубҳае пайдо шуд ва ман ба ҳамсӯҳбатам саволе додам: - бародар, ақаллан ному насаби маро номбар кунед, чунки аз гуфтаҳои шумо дар дили ман шубҳае пайдо шуд.

-Устод, Шумо ниҳоят инсони хоксору фурӯтан будаед! Наход, ки ман Шуморо нашиносам?!

-Ташаккур барои лутфатон, лекин бо вуҷуди он барои таскини дил бигӯед, ки ман кистам?!

-Шумо ҳунарманди маъруфи Тоҷикистон Марат Орифов.

-Ана, дидед, не ман Марат Орифов нестам, саҳв кардед, бародар!

Соли 2008

пешина
аз 173
навбатӣ