Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

накардааст. Қимати шир ва хизматҳои модар бебаҳоанд. Охир, модар, маҳз барои ҳамин хизматҳояш чун сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар сазовори мадҳу санои бузургон шудааст.

Ба гуфти куҳансолон, фарзанд яку якбора ҳаждаҳсола тавлид намешавад-ку? Аз тифлӣ сар карда, то ба балоғат расидани он падару модар чӣ азобҳое кашида, бо хуни ҷигар калонаш мекунанд! Пас, чаро ӯро дар ними роҳ гузошта, ба дари баҳташ қулфи сиёҳ мезананд?!

Масъалаи ишқу муҳаббат хеле нозук аст. Дар ҳалли он саҳв кардан гуноҳи муҷиби афв нест.

Дар тӯли бештар аз сӣ сол чанд мақолаҳои публисистӣ доир ба масъалаҳои ҷашну танзим навишта, дар матбуоти даврӣ чоп кардаам, ин масъала аз байн нарафта, баръакс то кунун масъалаи доғи рӯз ба ҳисоб мераванд.

Шукргузорӣ аз он мекунам, ки баъди Тоҷикистон Ҷумҳурии соҳибистиқлол шудан Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъалаи муҳим аҳамияти хоса дода, инро қариб як сол ба муҳокимаи аҳли ҷомеа пешкаш намуд ва фикру ақида ва таклифу пешниҳоди ҳамаи табақати аҳли ҷомеаи Тоҷикистонро омӯхтаву таҳлилу ҷамъбаст намуда, чунин ибрози ақида кардааст:

«...То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем». Моҳи июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Дар ин ҳуҷҷати муҳим ба сарфу хароҷоти беҳуда амсоли маъракаҳои фотиҳатӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандӯкбарон, сарупобинон, чойгаштак, қудоталбон, тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ карда шудааст. Аз байн бурдани ҳамаи ин сарфу хароҷотҳои беҳуда ба арӯсу домоди навхона имконият фароҳам меоваранд, ки зиндагии хешро бо диди худ бунёд кунанд.

пешина
аз 173
навбатӣ