Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале бо шодию хурсандии нафсро фиреб додан амри маҳол аст. Чӣ бояд кард? Боз қарз.

Қарз! Қарз болои қарз?! Аҷаб нангу даҳшатест, барои ҷавонмард!

Ба сари пасту дили ларзон назди «соҳиби хона» даромадам. Вай писханд зада гуфт: - Қарз мепурсӣ?

Оҳ? Хаёл кардам, ки замину осмон ба сарам гашт! Ана сарпарастӣ дар куҷост? Ана, оқибати он «марди, обрӯй ва сарбаландӣ»-и падарарӯсам, ки бо пули қарзакии ман бо ҳангомаю дабдаба тӯй карду акнун худро «марди маҳалла» мешуморид!

Баъзан духтардорҳо дар гирифтани мол ва рӯёндани чизу чора аз домодшаванда ба якдигар мусобиқа мекунанд. Мисол меоварам.

Як духтарак бо ҳамсарам дугона буд. Баъди тӯямон ба хонаи мо бисёртар наомадагӣ шуд. Ӯ ҷавонеро нағз медид. Онҳо се сол бо орзую умед ҳамроҳ гаштаанд.

Рӯзи баҳор буд. Табиат дар либоси баҳорӣ мисли чеҳраи ошиқони хушбахт табассум дошт. Ҳамин духтарак ба хонаи мо омад. Дар симояш он хандаю шодии пештара набуд. Маълум буд, ки мехоҳад тамоми дарди дилашро ба ягон дӯсти наздикаш бигӯяд.

  • Хоҳарам, шарм накунед, чӣ гапе доред, бигӯед, шояд ёрӣ расонда тавонем, - гуфтам ба ӯ.

Аз ду дидаи духтарак ашки ҳасрат ҷорӣ шуду дарди дилашро кушода сар дод:

  • Бахтиёр институтро тамом кард. Мехоҳем, ки тӯй кунем, модару амакам ба ӯ пулу мол ва чизу чораи зиёде фармуданд. Ӯ дар партаи донишҷӯӣ нишаста, ин қадар пулро аз куҷо меёбад? «Ту ҳам бояд мисли дугонаат ба шавҳар барой, вагарна мо дар байни мардум шарманда мешавем» мегӯянд.

Дар охир он ҷавон ба модари духтар фаҳмондааст, ки молу пул надорад ва ба сарфу хароҷоти зиёдатӣ зӯраш намерасад.

  • Майлаш, қалин надеҳу чорсад - панҷсад сӯм ширпулӣ биёр!- фармудааст модари духтар.

Ана, ихтирои нав! Ана, роҳи нави пулситонӣ.

Ҳой мардум! Падару модарони мӯҳтарам! Ҳанӯз дар таърихи инсоният касе шири модарро ба пул андоза

пешина
аз 173
навбатӣ