Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
дастонам навишта ба имтиҳон даромада будам, лекин шумо маро ба як нул задед, ҷӯра!
ШОИР: Домулло, шеъри имрӯза аз шоир навигариро талаб мекунад. Ин ҳам як навигарӣ-дия! (Вай шимашро кашида таги труси рост меистод).
МУҲАРРИР: Ҳам шуда, давоми шеърро аз банди пойҳои ӯ мехонад. Истед, ки ин шеъратон бо чӣ навишта шудааст?
ШОИР: Бо сӯзан. Шеъри ман ҷовидонист, кӯр намешавад. Ба як ҷонона бахшида шудагӣ. Муҳаббат-дия, ҳамеша бояд ҳамроҳам бошад...
МУҲАРРИР: Шеъратон олиҷаноб! Лекин ду мисраи охираш каме таҳрирталаб аст. Дигар кунем, Шумо розӣ?!
ШОИР: Чаро не? Албатта!
МУҲАРРИР: (аз шоир мепурсад) Сӯзан доред?
ШОИР: Ҳа, ҳозир: (аз киссаи шимаш ёфта, оварда ба дасти муҳаррир медиҳад).
МУҲАРРИР: Сӯзанро ба ранг тар карда дар сони пои ӯ мисраъҳои нав навиштанӣ мешавад, як сӯзан мезанад, шоир дод гуфта, дринг-дринг мепарад:
ШОИР: Домулло, баракат ёбед, ҳамин исташ чоп кунед! Чунки аз зарби сӯзана тамоми баданам заҳрнок шудагӣ...
МУҲАРРИР: Умуман, дар ҳамин шаклаш ҳам чоп кардан мумкину лекин хуб мешуд, ки...Ҳозир (гӯшаки телефонро бардошта рақам мегирад, шоир безобита мешавад).
ШОИР: Илтимос, маро ин тавр луч чоп накунед, шарманда мешавам.
МУҲАРРИР: Гӯшаки телефонро ба дасташ дошта ба шоир: ором шавед, ором...(ба гӯшаки телефон) Як ба назди ман дароед. (Гӯшаки телефонро мегузорад). Ҳозир мудири шӯъба меояд, маслиҳат кунем. (Дари идора кушода шуда ҷавонмарди олуфтае ворид мешавад).
МУДИРИ ШӮЪБА: Ба шоири луч бо тахайюр назар карда, ба муҳаррир рӯ оварда: -Тинчӣ мӣ?
МУҲАРРИР: Ин кас як шеър овардагӣ, шумо ҳам як хонед, гуфтам. Ин кас шеърашонро дар баданашон навиштагӣ.
МУДИРИ ШӮЪБА: (Ба шоир наздик шуда каме хам гашта шеърро бодиққат мехонад): - Умуман, шеърашон бад не, чоп кардан мумкин... Лекин худи дар баданашон навиштанаш як навоварӣ. Ана инро бозсозӣ мегӯянд! Шеър дар бадан, як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё