Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
мақолаи кори калон навиштан мумкин! Сарфаи коғазро намегӯед... Ба фикрам, котиби масъулро даъват карда, ин шеърро дар саҳифаи рӯзи истироҳат ҷой диҳем, айни муддао мешавад.
МУҲАРРИР: Боз гӯшаки телефонро бардошта рақам мегирад: - Алло, ҳамон макети рӯзи истироҳатро гирифта, дароед.
КОТИБИ МАСЪУЛ: (медарояд, шоири лучро дида ҳайрон мешавад, макетро назди муҳаррир гузошта ҳамоно аз шоир чашм намеканад): Ин кас кӣ?
МУҲАРРИР: Ин кас шоир, шеърашро дар саҳифаи рӯзи истироҳат ҷой додан лозим.
КОТИБИ МАСЪУЛ: Шеъраш ку?
МУДИРИ ШӮЪБА: Дар баданаш. Рафта хонед, дар саҳифаи чорум ҷой кунед. Шеъри олиҷаноб, ишқӣ...
КОТИБИ МАСЪУЛ: (Назди шоир рафта, хам шуда мехонад, баъд ба шиками тарбузаш тап-тап зада): - Қанд занед, дар ин ишкам натанҳо шеър, балки достон навиштан мумкин... Ин шеър ниҳоят калон аст. Дар як саҳифа ҷой намегирад. Ку ҷадвалро диҳед, як чен карда бинам (ҷадвалро гирифта аввал болои шикам ва сипас сонҳои пойҳояшро чен кардан мегирад). Бисёр шеъри калон, хеле ихтисор кардан лозим...
МУҲАРРИР: Дуруст мегӯед, кӯтоҳ кардан лозим (ба шоир) Ку, дар болои миз дароз кашед.
ШОИР: (бо тарсу ваҳм) Чӣ кор мекунед?! Балотона гирам, азоб надиҳед!
МУҲАРРИР: Шоирон одатан ҷасур мешаванд. Шумо ин қадар тарсончак?! Ҳамин ду пойро андак кӯтоҳ кардан лозим, дигар илоҷ нест.
ШОИР: (мудир ва котиб гапи ӯро тасдиқ мекунанд) О, баъд ман чӣ хел роҳ меравам? (ба болои миз баромада дароз мекашад).
МУДИР: О, бародар, шоир бояд мубориз бошад, ба ҳама машаққатҳо тоб оварад!
КОТИБИ МАСЪУЛ: Акнун ба қадри коғаз бештар мерасед. Бинед, дар рӯи коғаз чӣ суханҳое, ки наменависанд, боз хат мезананд, кӯтоҳ мекунанд, мебуранд, ба ҳамааш коғаз тоқат мекунад, шумо бошед, «аҳволам чӣ мешавад», гуфта воҳима мекунед. Пеш аз навиштан андеша кардан лозим буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё