Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

«Инаша ба даст гирифтам, агар ҳар моҳе дусад долларӣ туҳфа кунад, бад нест, иншооллоҳ хеле мешавад.

Аббос Алиевич масъалаи ҷамъро хеле моҳирона ҳал мекунад, лекин дар ҳалли тақсим бошад ба ҳарду пой мелангад.
Мегӯянд, ки ин тарзи корро ӯ аз падараш омӯхтааст.
Қиблагоҳаш доимо ба вай таъкид мекардааст, ки ҳини ҷамъ кардан нотарсу далер бош, лекин аз тақсим дар парҳез бош.
Чунки дуро ба ду тақсим кунӣ, ба ту фақат якто мерасад. Он беҳ нест, ки ҳардуяшро худат гирию монӣ?!

Хоҷагии ёрирасони фабрикаи мурғпарварӣ ҳам имсол кораш бад нест. Директораш солҳои тӯлонист, ки ба фабрика роҳбарӣ мекунад. Бисёр шахси кордон, дасташ пок, лекин гарданғафс аст, мегӯянд, ба касе сар намефарорад. Намедонам тагояш кӣ бошад? Ҳеҷ боке не тагои вай аз тагои ман зӯр набудагист?!

Ана вай, сардори раёсати кадрҳо «Мана беасос аз кор гирифтӣ»-гуфта мана ба суд дод. Натиҷааш чӣ мешавад? Ҳеҷ-чӣ. Судро аз боло як меҷафанд... Касе ба ман судбозӣ кунад, гарданаш мешиканад... Аз байни чанд ҳафта гузашт. Аббос Алиевич худаш не, ба котибааш фармуд, ки директори фабрикаи паррандапарвариро ба назди ӯ даъват намояд.
Директор, ки марди қоматбаланди сергӯшту шоҳбурут ва чашмони калон-калони ҳайбатнок дошт, вориди кабинети ӯ шуд. Онҳо бо якдигар бори аввал ҳамсӯҳбат мешуданд. Аббос Алиевич қаду баст ва афту андоми ӯро сар то по аз назар гузаронид ва аз ҳайбати вай каме кебид, вале сир бой надода худро шердил гирифт.

-Шинос мешавем: Аббос Алиевич.

-Сангаков Лангарӣ.

-Рафиқ Сангаков, пагоҳ яке аз калонҳо зодрӯз доранд. Аз номи завод як туҳфаи қиматбаҳо ва як сабади гул, дарозию бараш як метрӣ бошад, бурдан лозим.

-Ин туҳфаҳо аз кадом ҳисоб, Аббос Алиевич?!

-Аз кадом ҳисоб мегиред, инаш проблемаи Шумост, рафиқ Сангаков, ҳал кунед, супоришро иҷро намоед.

Як тухм дар бозор чанд дирам шудагӣ?!

-Нафаҳмидам, нархи тухм ба ин масъала чӣ дахл дорад?!

пешина
аз 173
навбатӣ