Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
-Чаро дахл надоштааст? Охир ман нагуфтаам, ки тӯҳфаро аз кисаи худат харида биёр! Тухмфурӯшу супоришро иҷро кун! Вассалом! Ё тухмро ҳам худат мезоӣ?!
-Аббос Алиевич, бисёр болои бад рафтед?! – гуфт Сангаков ва бо ғазаб аз кабинети директор баромада назди муовини директор оид ба корҳои техникию хоҷӣ Сафари Мундуқ даромад. Барои он Сафари Мундуқ мегуфтанд, ки қадаш паст, ишкамчааш аз пеш баромадагӣ. Барои оне, ки қадашро баланд нишон диҳад, туфлии фармоишии пошнабаланд мепӯшид. Ӯ чунон дурӯяи айёр буд, ки мегуфтанд шайтонро бе қилак медорад. Ҳамаи хабарҳои дохилию берунаро ҷамъ карда, ба директор мерасонид. Касе ӯро эҳтиром намекард. Аз ҳамин сабаб дар корхона ӯро баъзеҳо «мундук», дигаре «лапа», сеюмаш «телепузик» ва ғайраҳо ном ниҳода буданд.
Сангаков нав даҳон кушода, аз болои Аббос Алиевич гилаозорӣ карданӣ буд, ки Сафари Мундуқ аз ҷой ҷаҳида лалак ба лабон бурда: Тише!!! Тише!!! Ба Аббос Алиевич сар ба сар нашавед, ки бегардан мемонед! Вай дар назди калон чунон эрка ки мондан гиред. Агар эрка набошад, ӯро дар сисолагиаш директори генералии як корхонаи аъзамат таъин мекарданд! Ана ҳамин хел, ако! Ҳардуяшон аз як ноҳия ва ҳатто аз як деҳа, аз деҳаи Санги кар. Миш-миш аст, ки калон ӯро дар ҷои худаш тайёр карда истодааст... Сангаков каме гарқи хаёл шуд ва баъд чунин мисол овард: Шодравон Одина Ҳошим ғазалеро месароид, ки дар он чунин мисраъ аст:
«Майлаш ошиқ бош, лек одам набудан хуб нест...»
Аббос Алиевич ҳам майлаш эрка бошад, лекин одам набуданаш хуб нест...
Мегӯянд, ки роҳбар шудан осон, лекин одам шудан мушкил. Охир, ман собиқаи биступанҷсолаи корӣ дорам, вай чӣ? Бачаи дирӯза, бо ман дагалона муомила кард, барои ким-кадом калонаш аз ман тӯҳфа талаб менамояд. Ин чӣ гап, худаш?
Ба ҳар ҳол ако, дар сухан бо Аббос Алиевич ниҳоят оҳиста бошед! Ҳарчӣ супориш диҳанд, «хуш» - гуфта ба ҷо биёред, вагарна...
ЯК чизро ҳам гуфта монам, ки вай лифофаи нимаро чандон нағз намебинад, пурашро дидан замон мешукуфад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё