Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
Аз пагоҳ дигар поятро ба саҳни завод намегузорӣ, фаҳмидӣ, устод?!
Устодаш сар ба поён кард ва дигар лом нагуфта аз дар берун шуд.
Аббос Алиевич рӯйхати коргарҳояшро аз назар гузаронид, ки боз кафши киро пеш монад? Сардори шӯъбаи кадрҳоро ҳам бояд иваз кард. Як маротиба қариб ӯ маро танбеҳ дода буд. Ӯ гӯшаки телефонро бардошта «ба назди ман даро», - гӯён сардори шӯъбаро ба кабинеташ даъват кард:
-
Аз пагоҳ туро ба ҷои дигар мегузаронем, - гуфт ӯ. Ба ҷоят дигар кас меояд, супориш аз боло шудагӣ.
-
Барои кадом гуноҳам, Аббос Алиевич?
-
Гапа зиёд намекунем, мана фармон дар пеши чашмат имзо мекунам. Нахоҳӣ, чор тарафат - қибла..!
-
Боз навбати кӣ? Ҳа, ёфтам..! Дар ҳамин ду-се соли охир шиками хазиначӣ ним метр пеш давидагӣ. Чандин маротиба ҳини маошдиҳӣ 60-70 дирамамро намедиҳад... Аббос Алиевич гӯшаки телефонро бардошт: - Ӯ, кориишкамба: Канӣ як назди ман даро!
Хазиначӣ, ки таҷрибаи зиёд дошт ва одати баъзе роҳбарҳоро азхуд карда буд, дуто саддоллараро ба лифофа андохта назди директор даромад. Ҳанӯз директор даҳон накушода, конвертро ба пеши Аббос Алиевич гузошт. Директор лифофаро дидан замон аввал бо садои баланд: - Ин чӣ..и!!!
-
Ин аз нӯги хамир фатир Аббос Алиевич, як барги сабз!
-
Чӣ хелӣ барги сабз?!
-
Пешатон дасти холӣ надороям - гуфта, чойпулӣ овардам!
Аббос Алиевич якбора шукуфт, дар чеҳра ва лабонаш табассум ҳувайдо гашт... Ин аввалин конверте буд, ки ӯ чун ҳадя мегирифт.
-
Таҷриба бой-дия, бо тезӣ мақсада мефаҳмӣ... Исто ки чунин конверт ҳар моҳ мешавад?
-
Худо хоҳад...
-
Ситораат ба ман маъқул шуд, рав, беташвиш коратро давом деҳ! Эҳтиёт кун, гап-гап ҳаст, ки аз Коррупсия кори дусолаатонро тафтиш меоянд. Тайёр бош!
Баъд аз баромада рафтани хазинадор Аббос Алиевич худ ба худ:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё