Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Юсуфов ба субут расонид, панду ҳикматҳои Соибро ба ҳуруфоти кириллӣ бо шарҳу эзоҳашон тайёр ва ба чоп пешниҳод кардааст. Вай ҳамеша барои тозагии забони давлатӣ мубориза мебурд.

Ӯ ҳар ҳафта ба ман занг зада эроду пешниҳодҳояшро оид ба забони барномаҳои телевизион ва радиои Ҷумҳурӣ мегуфт. Боре ман соли 2004 ба Абдуҷаббор Раҳмонов (ҳозира Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки он вақт вазифаи Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт ва банда ёвари ӯ будам, пешниҳод кардам, ки чӣ мешавад, агар Азимҷон Юсуфровро даъват кунем, омада фикру мулоҳизаҳояшро оид ба тозагӣ ва тарзи ифодаи забони барномаҳои телевизион ва радио дар байни коллективҳои эҷодӣ баён кунад. Абдуҷаббор Азизович нисбати дониши Азимҷон Юсуфов таваҷҷӯҳи хоса дошт ва ин пешниҳодро бо хушнудӣ пазируфта илова кард, — ман ҳам бо муовинҳоям иштирок мекунам.

Бо вуҷуди он ки саломатии Азимҷон чандон хуб набуд, ин хоҳиши моро ба ҷо овард ва бо тайёрии ҳамаҷониба омада ҳамроҳи журналистони телевизион баҳри беҳбудии сифати забону бадеияти барномаҳои телевизионӣ радиои давлатӣ андешаҳои судманд баён кард. Ду соли охир саломатиаш ӯро азоб медод. Моҳи марти соли 2006 ба сактаи мағзи сар (инсулт) гирифтор гашта, бистарӣ шуд. Марди забондон аз забон монд. Аниқтараш бо забони дилаш бо фарзандон, хешу табор ва ёру дӯстонаш ҳарф мезад. Ӯ дар беморхонаи ҷумҳуриявии амрози қалб бештар аз даҳ рӯз бехушу беёд бистарӣ буд, чашмашро намекушод. Давутозию дорую давои зиёди духтурҳо ягон натиҷае намедод. Онҳо умедашонро аз зинда мондани Азимҷон канда ва ба фарзандони вай мегуфтанд, ки дигар эътимоде нест ва ӯро гирифта ба хона баранд.

Азимҷонро ба хонааш оварданд. Баъд бародараш Собирҷон ҳамроҳи завҷааш, ки ҳарду духтур буданд, ӯро зери назорат гирифтанд.

Собирҷон рӯзҳо, шабҳои дароз бехобӣ кашида, дорую дармон мекард, барои ба ҳуш овардан, чашм кушодан ва ба гап-даровардани Азимҷон кӯшиши зиёде ба харҷ медоданд. Ва ниҳоят Азимҷон ба худ омад, чашм кушод, забонашро ҳам бо имою ишора мефаҳмидагӣ шуд. Ҳама ба Собирҷону завҷааш

пешина
аз 173
навбатӣ