Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
сухан рондану муомилаи хуби ӯро ба назар гирифта соли 1971 вайро ба Ҷумҳурии Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ба кор фиристоданд.
Вай аввал дар Ҷалолобод баъд дар Кобул бо кормандони ҳизбию сиёсӣ ва мутахассисони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар иншоотҳои муҳим кор кард, ба ҳаёти мардуми маҳалҳои гуногуни Афғонистон бевосита шинос шуд. Он солҳо касе, ки барои кор ба Афғонистон фиристода мешуд, қабл аз ҳама дар бораи харида овардани мошинаи сабукрав фикр мекард. Вале ин ақида барои Азимҷон бегона буд. Вай дар Афғонистон қабл аз ҳама дар ҷустуҷӯи асарҳои Абдулқодири Бедил, Шайх Саъдӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Мавлави, Умари Хайём ва дигар классикон мешуд. Ҳини бозгашт ҳамроҳонаш бо мошинаҳои сабукрави «Волга» ба Ватан бармегаштанд, лекин ӯ бо ду ҷомадони пур аз китобҳои пурарзиш ба хона омад. Вай ҳамеша ташнаи эҷодиёти классикон ва асарҳои ниёгон буд. Соли 1973 дар шӯъбаи маданию маишии Шӯрои Вазирони Тоҷикистон як ҷои холии корӣ буд ва шаш нафар хоҳишмандон ба ин ҷой ҳуҷҷат пешниҳод карданд, - мегӯяд собиқ мудири ҳамин шӯъба Сайфулло Саидов. Кадоме аз пешниҳодшудагон арзандаанд? - пурсид аз ман шодравон Раҳмон Набиев, ки ҳамон солҳо мансаби Раисии Шӯрои Вазирони Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Ман Азимҷон Юсуровро ба ӯ тавсия додам. Раҳмон Набиев фикри маро ҷонибдорӣ намуд ва ӯро ба вазифаи референти шӯъба ба кор қабул кард. Вай дар вазифаҳои референт, сармутахассиси калон, муҳаррир кор кард ва баъди соҳиби малака ва таҷрибаи бои корӣ гардиданаш, соли 1990 ӯро мудири шӯъбаи ахборот ва тарҷумаи корҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд. Ӯ қариб 30 сол дар вазифаҳои гуногуни Шӯрои Вазирони Тоҷикистон сарбаландона адои вазифа кардааст.
Баъди ба сари қудрат омадани Ҳукумати Конституцсионӣ ва барҳам додани раёсати корҳои Девони Вазирон, сохтори нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд ва Азимҷон Юсуфов мудири шӯъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Дар ин вазифа тарҷумаи тоҷикии тамоми фармонҳо, дастурҳо, номаҳои расмии вазорату идораҳо, корхонаҳою ташкилотҳо аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё