Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
Бачаҳо, ки аз деҳоти дурдасти кӯҳистон омада буданд, нисбат ба донишҷӯёни шаҳрӣ дохилшуда фаҳмиши пухта доштанд, ба дарсҳо бо завқу рағбати бештар мечаспиданд. Устод Ҳилол Карим дар курсҳои якуму дуюм аз алифбои ниёгон (хати форсӣ) дарс мегуфту бештар ба дониши бачаҳои кӯҳистон такя мекард. Вай аксар вақт дар дарсҳо аз донишҷӯён Додар Мирзоев, Азимҷон Юсуфов, Савлатшоҳ Мерганов аз ноҳияи Қалъаи Хум, Иброҳим Шарифов аз Язгулом, Мазорӣ Маҳадов аз Ҷиргатол, ки хати форсиро бехато менавиштанд, ба назди тахта даъват мекард.
Баъзан донишҷӯён агар дар навиштани ибора ва ё калимаҳо душворӣ кашиданд, устод Азимҷон Юсуфовро ба назди тахта даъват мекард, чунки ӯ хати форсиро аз дигарон хубтар менавишт ва беҳтар мехонд. Вай натанҳо алифбои ниёгонро хуб медонист, балки аз фанҳои забону адабиёти тоҷику рус, таъриху мантиқ, фалсафаю забонҳои хориҷӣ бо баҳоҳои хубу аъло мехонд. Махсусан аз фанҳои забону адабиёти классикӣ дониши пухта дошт. Соли 1956 донишҷӯи курси дуюм будем ва дар ошёнаи дуюми хобгоҳи кӯчаи С. Айнӣ, дар хонаи 42 – юм чор нафар истиқомат мекардем. Як рӯз амакии Азимҷон, бобои Носир Ҷобиров, ки ҳамон вақт раиси Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Қалъаи Хумро ба ӯҳда дошт, ба айёдати ӯ омад.
Бобои Носир - марди рӯзгордида таҷрибаи бои зиндагӣ дошт. Ҳар гоҳе, ки ба айёдати Азимҷон ояд, ҳамроҳи мо сӯҳбати тӯлоние меорост, панду насиҳатҳои зиёди зиндагиро мегуфт. Боре ҳини гуселкунӣ аз ошёнаи дуюм ба поён мефаромадем, ки бобои Носир ба Азимҷон рӯ оварда гуфт:
- Бачам, чаро дар ошёнаи якум ҷой нагирифтед?
- Фарқаш чӣ, бобои Ката? (Мардуми Қалъаи Хум амакро бобои Ката мегӯянд).
Оламу ҳоводис - гуфтанд, бачам, замин ҷунбиданаш мумкин, аз ошёнаи якум тезтар ҷонро раҳо кардан осонтар аст, илова намуд бобои Носир.
Дӯстии ману Азимҷон Юсуфов аз ҳамин хобгоҳ барои 50 соли оянда асос гирифт. Соли 1957 банда ба ноҳияи Куйбышев (ҳозира А. Ҷомӣ) модарамро хабаргирӣ мерафтам. Ҳамроҳам Азимҷонро низ гирифтам. Ӯ бори аввал ба ин ноҳия ҳамсафари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё