Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Агар инсон каме ҳаракат кунад ризкашро бе мушкилӣ ба даст меорад. Агар ҳаракат накунад аз ҳама чиз мемонад.
Панде дорам барои ҳамагон. Марав ҷое, ки туро даъват накардаанд.
Дар зиндагӣ корҳое мешаванд, ки ақли одамӣ дар ҳоли он оҷизи мекунанд. Масалан тарсуеро дидам, ки бе иҷозат нафас намекашид. Рӯзе сарватманде ин сагбачаро бо худ гирифт. Акнун ин сагбача, ки замоне касе ҳурматаш намекард худро саги калон ҳисобида бо сагҳои калон аккос мезадагӣ шуд. Рӯзе аз рӯзҳо ба сӯи соҳибаш меҷакидагӣ шуд. Соҳибашро газид. Соҳибаш ин ҳолатро дида аз дар берунаш кард. Акнун ин сагбача дар ифлосиҳо устугон мекобад. Дигар аккос намезанад. Ин аст ҳоли оне, ки аз худ меравад.
Мегӯянд, ки одамон ҳайвонони боакланд. Ин ақидаро ман ғалат мешуморам. Гумон мекунам, ки дар байни ҳайвонҳо ҳам бояд натиҷаҳои худро дошта бошанд.
Ривоятест, ки байни ҳайвонҳо беҳтарин ҳайвони вафодор саг аст. Ақли сагро намедонам, аммо дар вафодорӣ аз одамон миллион маротиба вафодортаранд. Саг ва гурбаро боре меҳрубонӣ намой фаромӯш намекунанд.
Аз вафодории асп, фил, тутӣ ҳарф мезанем, аммо чаро харро фаромӯш кардаем.
Чаро мургро, ки дар тӯли асрҳо ба одамон тухм медиҳанд, гӯшташонро истеъмол мекунем боре ёд намекунем? Чаро одамон то ин дараҷа курнамак аст.
Забон яке аз бадтарин узви инсон аст. Ҳама бадбахтиҳои инсон аз забон сар мезанад.
Пора дар ҷамъият нақши бузургро мебозад.
Мегӯянд, ки саёҳат дар мулкҳои дигар ва вохӯрӣ бо мардумони гуногун хиради одамонро тараққӣ медиҳад. Ба андешаи ман на ба ҳама дахл дорад ин гуфтаҳо.
Агар сарват дорӣ ҳурматат мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё