Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Бобо чӣ ҳоле доред?
  • Ҳоламро намепурсӣ беҳтар буд.
  • Чаро ин тавр мегӯед?
  • Аҳмактарин одам будаам, нисфи умрамро дар сохтани гесҳо сарф кардам. Нафақаам 120 сомонист. Бо ин нафақа пирии чӣ мешавад? Хато кардам, аммо шукрона.
  • Куҷо равонаед?
  • Ошхонае меравам, ки барои маълуқон, бечорагон, бекасон хӯрок медиҳанд. Онро хӯрок гуфта ҳам нашавад, аммо ба ҳамонаш ҳам шукронаи Худо. Пироне ҳастанд, ки касе надаранд ва чун мурданд онҳоеро пирони дигар хомӯшона ба хок месупоранд. Ҳатто касе надаранд, ки сангашон гузоранд. Худоё, чӣ асрест? Ин муносибатро нисбати пирон чӣ хел бифаҳмем?
    Куҷост Ҳотами Тай, ки бесоҳибони пиргаштаро соҳибӣ кунад?

Худованд дар ҷавонӣ на дар пирӣ диҳад.


Ғами пириро дар ҷавонӣ бояд хӯрд.


Суоле дорам ба Осмон, Вақт, Замин, ки чаро ва барои чӣ яке камбағал ва дигаре бой бошад? Имкони баробарии одамон нест.


Бо мурури вақт забонҳо аз заноҷҳонӣ монда мешаванд.


Вақт ҳамаро ба ҷойи худ мегузорад.


Кӣ, дар кадомин зина бояд ғам бизанад?


Нону об бошад ҳама ғам мегузарад.


Ӯ инсон буд, ки гӯё ҳатто мӯрчаро озор намедод.


Инсонеро дидам, ки ӯ бо ҳайвонҳо, замину осмон, моҳу ситора ҳарф мезад. Ҳамасронаш ӯро девона мехонданд. Афсӯс, касе намедонист, ки ӯ нобиғаи аср аст.
Ман аз назди бисёр кургиреҳони зиндагӣ хомӯшона гузаштаам.


пешина
аз 213
навбатӣ