Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Дар ҳеҷ куҷо чӣ дар меҳмонӣ бошад, чӣ дар сафар бошӣ, дур ва тӯлонӣ наист, чунки об дар як ҷой беҳаракат истад, ба ботлок мубаддал мешавад.
Аҷиб, ҳамеша дар зиндагии ҳаррӯзаамон хуб ва аъло ба куҷое номаълум ғайб мезанад. Ва абадан ӯ аз моён чун ситораҳои осмон дур-дур мешаванд. Чаро ман намедонам.
Ӯ танҳо буд, вале худро ҳеҷ гоҳе танҳо ҳис намекард. Зеро ки такягоҳи ӯ ягона Худо буд.
Худтаърифкун ҳеҷ гоҳе қуллаҳои илму хирадро фатҳ карда наметавонад.
Хоксорӣ, боз хоксорӣ ба он ашҳосоне, ки дар мансабҳои болоӣ ҳастанд. Чунки онҳо ибратбахшандаи башар мебошанд.
Хоксор ин хуб аст, вале дар хоксориҳои ??? будан лозим.
Ишқ чист? Ва кист? Ва ин ҳолатест? Ишқ ин маризӣ аст. Оё доруи шифо дорад? На, ишқ ин дардесту доруи шифо надорад.
ПАС... ишқ агар набошад, чӣ тавр ва чаро бояд зист?
ПАС... Зинда бод ишқ. Ишқ ин ҳаёт аст. Ишқ буд, ки башарият то ҳол вуҷуд дорад. Пас... Ишқ бояд бошад. Бе ишқ ҳаёт нест. Бигузор ишқ байни одамон ҳамеша бошад.
Ҳама дарду аламу ғамро фақат ва танҳо як малҳамест. Ин ошиқ будан ҳаст.
Ишқ ҳаст ва ҳаёт аст. Ишқ нест, пас... ҳаёт ҳам нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё