Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Табибон ба маризон маслиҳат медиҳанд, ки беҳтарин барои маризон ба ҷои дору ханда аст. Ин маслиҳати хуб аст. Вале ман Ҳошим Гадо ин тавсия ва маслиҳатро нисбати маризон масқарабозӣ мешуморам. Савол, чаро? Чунки маризон ва дардмандоне ҳастанд, ки фишор чунон баланд аст, ки мариз қувваи ҳандидан надорад.
Ман Ҳошим Гадо баъзан аз дарди баланд барои он ки нагирям, механдам.
Ман баъди мушоҳидаҳои солҳои тӯлонӣ ба хулосае омадам, ки бадбахтии одамон ва худам дар он дарк кардам, ки намедонем, ки намедонем. Ва аксарашро вонамуд мекунем, медонем, ки гӯё медонем.
Буд набуд мокиёне ҷӯҷаҳои бисёр баровард, вале ин ҷӯҷаҳо мурғибачаҳо буданд. Ҳамоно, ки ба воя расиданд, ин ҷӯҷаҳо ба сӯи ҷӯй шитобиданд ва ба шиноварӣ сар карданд. Мурғ мокиён бошад дар лаби ҷӯй истода бо забони мургон доду фарёду фиғон мекард. Ин мурғи сода намедонист, ки аз мурғи мокиён ҷӯҷаҳои мурғ мебарояд, вале ӯ надониста ба болои мурғобӣ нишаста аз тухмҳои мурғобӣ ҷӯҷаҳои мурғобӣ баровардааст. Маънои ин масъалаи бофтаи Ҳошим Гадоро ёбеду гиред.
Муаммо
Намедиҳандат, худат бикушу бигир.
Давре буд, замоне буд, мамлакате буд, дар ин мамлакат бештар дар бораи одаму одамгарӣ ва инсонпарварӣ лозунгҳо, шиорҳои рангоранг дар кӯчаҳо, дар лагерҳо аксари демогогҳо ҳарф ва лоф бо овозҳои гирифта бо кару фар, бо карнаю сурнай, бо доираву рубобҳо ҷор мекарданд. Вале сад афсӯс, во дареғ, ки худи одамро дар амал фаромӯш карда буданд.
А человека то позабыли. А человек был забыт... Человек нищинствовал.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё