Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

АдабиётҶомеа
Аз аввал хондан

Худ ба худ якчанд маслиҳат бидодам.

  1. Чун дидӣ, ки дастат дар чидани мева намерасад худро тасалло ба он бидеҳ, ки ҳоҷат ба хӯрдани он мева надорӣ.

  2. Чун пашнае туро неш зад доду фиғон макун, худро ором намуда тавре муносибат намо, ки касе дардатро ҳис накунад. Нолиши мекардаат баръакс беобрӯят мекунад.

  3. Рафту бо ту воқеае рӯх бидиҳад рӯҳафтода мабош. Баръакс тавре вонамуд соз, ки бо ту ҳеҷ чиз рӯх надодааст. Аз ин камбудиҳо дарси ибрат бигир ва тарзе амал намо, ки дигар такрор нашавад. Инсоният бояд то замоне, ки ҳаст тавре гом бизанад, ки дигарон аз ӯ панд бигиранд. Шояд инсоне набудад, ки коре хато накарда бошад. Ҳама меомадагон бегуноҳ ба дунё меоянд ва сар ба по пур аз гуноҳ тарки ин дунё мекунанд. Чӣ илоҷ, ки қисмати инсон ҳамин будааст ва бекамбудӣ зиста намешудааст.

Шояд ояндаҳо ба ин суол ҷавобе ёбанд, зеро ман то ҳол чӣ гуфтанашро намедонам.


Дар чорроҳаи зиндагӣ музтар мондаам. Ба куҷое нанигарам, ба кассе муроҷиат накунам аксарият маро намефаҳманд. Чаро чунин бошад? Шояд аз он сабаб бошад, ки аксарият ба баҳри ғам ғутидаанд? Куҷост оне, ки маро бифаҳмад ва ба дардам даво гардад. Ба ман унвон, нишони сарисинагӣ лозим нест. Ягона хоҳишам ҳамин, ки маро фаҳмад ва дарк намояд. Шунаванда мехоҳам...


Мегӯянд, ки дар миёни галла, пода рама бош. Чун аз онҳо қафо мандӣ ҷудо шудӣ гургат мехӯрад. Ин гуфтаҳо ба ҳайвони беақл дахл дорад ё ба ҳама.

Агар ин ба одамон дахл дошта бошад, он одаме, ки дар ҷамъияташ ӯро намефаҳманд чӣ чора андешад? Ӯ аз подае, ки ба роҳи каҷ равон аст якҷо шуданаш шарт аст?

Оё ин инсон ҳақ дорад, ки ин ҷомае, ин кадом бесаробонро ба роҳи рост бубарад? Ё маҷбур аст, ки аз гургу шагол натарсида аз пода ҷудо шавад. Маҷбур аст, ки роҳи рости тайнокардаро интихоб намояд ва таваккалан ба роҳ барояд. Дар Дунё ҳама кор ҳалли худро дорад ба ғайр аз марг. Танҳо каме азоб кашидан роҳи ростро пайдо кардан лозим асту халос. Ана баъди вақт муайян мекунад, ки кӣ ноҳақ аст ва кӣ ҳақ?

пешина
аз 213
навбатӣ